Ба иттилои манбаъ, ҳайвон ба зани 73-сола ҳамла кардааст ва ӯ бо ҷароҳатҳои зиёд фавран дар бемористон бистарӣ карда шудааст. Ягон корманди муассиса ворид шудани хирсро надидааст, вале лаҳзаи ҳамла ба камераҳои назоратӣ афтодааст. Вақте кормандони полис ва хадамоти наҷот ба ҷои ҳодиса омаданд, хирс аллакай биноро тарк карда буд.
Моҳҳои охир дар Ҷопон ҳодисаҳои ворид шудани хирсҳо ба манзилҳои истиқоматӣ зуд-зуд рух медиҳанд. Моҳи июл ҳайвони ваҳшӣ ба ҳудуди фурудгоҳ дар префектураи Ямагата даромада, маъмурияти фурудгоҳ маҷбур шудаанд, ки муваққатан хатти парвозро бандад. Моҳи гузашта дар кишвар чанд ҳолати ҳамлаи хирсҳо ба одамон ба қайд гирифта шуд.
Дар Ҷопон ҳамасола тақрибан 200 ҳолати воридшавии хирсҳо ба манзилҳои истиқоматӣ ба қайд гирифта мешавад. Баъзе аз ин ҳодисаҳо боиси марг ё ҷароҳати одамон мегардад. Аксаран чунин ҳодисаҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҷангали деҳа ва шаҳрҳои хурд рух медиҳанд, хабар медиҳад tass.ru.








