Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Майдугурӣ — маркази иёлати Борнӯи шимолу шарқии Нигерия, ҳангоми намози шом дастгоҳи таркандаи худсохт ба кор андохта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Vanguard” бо истинод ба шоҳидони ҳодиса хабар додааст.

Бар асоси маълумоти пешакӣ, ҳангоми таркиш дар масҷид одамони зиёд будаанд. То ҳол ягон тасдиқи расмӣ дар бораи ҳодиса мавҷуд нест. Дар бораи эҳтимоли қурбониён низ маълумот дода нашудааст, хабар медиҳад tass.ru.