Чархболи Нерӯҳои ҳавоии Шри-Ланка ҳангоми амалиёти наҷот суқут кард

    Чархболи Нерӯҳои ҳавоии Шри-Ланка ҳангоми амалиёти наҷот дар ҷазирае, ки аз тӯфони тропикии “Дитва” осеб дидааст, суқут кард ва дар натиҷа халабон ҳалок гардид.

    Чархболи Нерӯҳои ҳавоии Шри-Ланка ҳангоми парвози навбатӣ, вақте ки барои кӯчонидани одамон аз минтақаҳои зериобмонда ва расонидани кӯмак ба онҳо истифода мешуд, суқут кард. Халабон бо ҷароҳатҳо ба беморхона интиқол дода шуд ва баъдтар дар он ҷо вафот кард. Чаҳор нафари дигар, ки дар дохили чархбол буданд, захмӣ шуданд, хабар медиҳад oxu.az.

    Тӯфони шадид тропикии "Дитва" боиси обхезӣ ва харобӣ дар Шри-Ланка гардид. Мақомот вазъияти фавқулодда эълон карданд. Тибқи иттилои Маркази идоракунии офатҳои табии Шри-Ланка, ҳадди аққал 334 нафар ҷон бохтаанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates