Вобаста ба ҳолатҳои сабти сирояти вируси NIPAH дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Кумитаи беҳдошти санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷамъиятӣ бо муроҷиат ба аҳолӣ баромад намуд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст ва вазъи эпидемиологӣ дар кишвар таҳти назорати пурра ва устувор қарор дорад.

Зикр мегардад, ки бо мақсади пешгирии воридшавии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз тариқи сарҳадҳои давлатӣ, дар 54 гузаргоҳи сарҳадӣ назорати санитарӣ-карантинӣ дар реҷаи пурзӯр фаъолият мебарад.

Кумита таъкид намуд, ки ҳарчанд эҳтимоли воридшавии ин беморӣ ба кишвари мо ниҳоят паст аст, ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Ҳиндустон доранд, барои муҳофизат аз вирус чунин тавсияҳо дода мешаванд:

риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ;

бодиққат шустани дастҳо бо собун;

истифодаи маводи антисептикӣ;

шустани меваву сабзавот пеш аз истеъмол;

нанӯшидани оби санҷиданашуда.

Хусусан, истеъмол накардани меваҳое, ки аз ҷониби кӯршапаракҳо газида ё харошида шудаанд, хеле муҳим аст.

Дар сурати пайдо шудани ҳарорати баланд, дарди шадиди сар, ларза ё дигар аломатҳои беморӣ, зарур аст фавран ба духтур муроҷиат карда шавад.

Вируси Нипах вируси зоонозӣ мебошад, яъне аз ҳайвонот ба инсон мегузарад. Ин вирус аз кӯршапаракҳо ба ҳайвонот ва сипас ба инсон интиқол меёбад. Номи вирус аз деҳаи Сунгай Нипахи Малайзия гирифта шудааст, ки он ҷо вирус бори аввал солҳои 1998–1999 ошкор гардида буд. Тибқи маълумоти Клиникаи Кливленд, дар ҷараёни ҳамон хуруҷ дар Малайзия ва Сингапур 100 нафар фавтиданд ва барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи беморӣ як миллион сар хук нобуд карда шуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ зарари ҷиддии иқтисодӣ расонд.

Одатан ин вирус ба ҳайвонот, аз қабили сагҳо, аспҳо, хукҳо ва дигарон таъсир мерасонад. Дар сурати паҳн шудани вируси Нипах миёни одамон, он метавонад сирояти вазнинро ба вуҷуд оварад, ки ҳатто ба марг оварда расонад.

Аломатҳо метавонанд ба зуком монанд бошанд (табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, сакта, қайкунӣ, дарди гулӯ, сарчархӣ, хоболудӣ). Ҳамчунин, ихтилолҳои асабӣ, ки ба энсефалит (илтиҳоби майна) ишора мекунанд, мушоҳида мешаванд.

Вируси Нипах патогени хатарнок ба шумор меравад, ки метавонад аломатҳои шадиди нафаскашӣ ва асабиро, аз ҷумла энсефалитро ба вуҷуд оварад ва дар ҳолатҳои вазнин дорои сатҳи баланди фавт мебошад.