Владимир Норов сафири Покистонро ба ҳузур пазируфт

    16 июни соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар кишвари мо Сайид Алӣ Асад Гелониро ба ҳузур пазируфт.

    Зимни мулоқот динамикаи мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Покистон, ки дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муҳим доранд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Рафти иҷрои созишҳое, ки дар ҷараёни мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуд.

    Дар бораи ҷадвали вохӯриҳои дарпешистода, аз ҷумла сафари вазири корҳои хориҷии Покистон ба Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 28-29 июли соли 2022 дар шащри Тошканд баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифт.

    Дар бораи идомаи ҳамоҳангсозии саъю талошҳои Ӯзбекистон ва Покистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ, СҲИ ва СҲИ тавофуқ ҳосил шуд.

    Ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созишномаҳои имзошуда дар бораи транзит ва савдои имтиёзнок байни ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Нияти тарафайн дар мавриди то ба 1 миллиард доллар расондани ҳаҷми муомилоти мол тасдиқ карда шуд.

    Ҳамчунин омодагии тарафҳои Ӯзбекистон ва Покистон ба густариши робитаҳо дар заминаи табодули фарҳангӣ ва башардӯстона таъкид шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates