Владимир Норов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот кард

    18 октябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов, ки дар Душанбе бо сафар қарор дорад, бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот намуд.

    Масъалаҳои мубрами таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, илму маориф, экология, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо дар бораи аҳамияти ҳарчи зудтар имзо кардани Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳодияи Аврупо, ки 6 июли соли равон қарор шуда буд, ба мувофиқа расиданд. Ҳуҷҷати мазкури ҳамаҷониба ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Аврупо нигаронда шудааст.

    17-18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд доир ба ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳу форматҳои гуногун, аз ҷумла баргузории ҷаласаи вазирон ва Конфронси байналмилалӣ оид ба робитаҳои байниҳамдигарӣ: «Дарвозаи ҷаҳонӣ" барои рушди устувор» дар формати «Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ» табодули афкор сурат гирифт.

    Ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Тавре таъкид гардид, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ҳаҷми савдои мутақобила бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 3 миллиарду 130 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 фоиз зиёд мебошад. Пешниҳодҳо оид ба фаъол гардондани дипломатияи иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дақиқи сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

    Дар рафти музокирот инчунин масъалаҳои ҷудогонаи сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates