«Ҳоло озмоишҳои ҳалкунанда ба поён расиданд» гуфт В. Путин зимни боздид аз маркази идоракунии гурӯҳи ягонаи нерӯҳои мусаллаҳ.

Вай таъкид намуд, ки барои ворид кардани ин навъи силоҳ ба навбатдории ҷангӣ ҳанӯз корҳои зиёд бояд анҷом дода шаванд, вале вазифаҳои асосӣ аллакай иҷро шудаанд. Ҳамзамон Путин супориш дод, ки барои ҷойгир кардани мушаки «Буревестник» дар Нерӯҳои мусаллаҳ инфрасохтори зарурӣ омода карда шавад ва қайд кард, ки чунин навъи мушак дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ба сарвари давлат иттилоъ дод, ки дар ҷараёни озмоишҳои 21 октябр мушаки «Буревестник» тақрибан 15 соат дар ҳаво буда, масофаи 14 ҳазор километрро тай намудааст. Ба гуфтаи Герасимов, «ин ҳадди ниҳоӣ нест», хабар медиҳад russian.news.cn.