баннер
30 Mar 2025
12:41

    Дар Фаронса ду ҳавопаймои низомӣ ба ҳам бархӯрданд

    Дар шарқи Фаронса ду ҳавопаймои посбонии низомии Alpha Jet ба ҳам бархӯрд, ки дар ин бора вазири мудофиаи ин кишвар Себастян Лекорну маълум кард.

    "Ҳоло дар шарқи Фаронса суқути ду ҳавопаймои посбонии низомии Alpha Jet, ки дар машқҳои тамринӣ ширкат доштанд, рух дод. Вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа ва хидмати вазъиятҳои фавқулодда дар мувофиқа ба кор оғоз намуданд ", навишт вай дар шабакаи иҷтимоии Х.

    Оҷонсии Франс-Пресс бо истинод ба манбаи Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса хабар дод, ки ду самолёт дар наздикии авиабазаи 113-уми Сен-Дизе (департаменти Марнаи боло) бархӯрданд. Ду халабон ва як мусофир аз ҳавопаймо берун омада, зинда монданд, хабар медиҳад манбаъ.

    Моҳи августи соли гузашта низ ду ҳавопаймои ҷангии «Rafale» ҳангоми машқҳои ҷангӣ дар департаментҳои Мертс ва Мозел дар шарқи кишвар ба ҳам бархӯрда буданд. Дар натиҷа ду нафар халабони яке аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба ҳалокат расиданд, хабар дод ria.ru.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech