Дар Фаронса беш аз 300 нафар намоишгар дастгир шуданд

    Вазири корҳои дохилии Фаронса Бруно Ретайо эълон намуд, ки 309 нафар намоишгар дар робита ба эътирозҳои зидди кам кардани кумакҳои иҷтимоӣ аз ҷониби пулис боздошт шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии BFMTV хабар дод.

    Аз онҳо, нисбат ба 134 нафар чораи ҳабси эҳтиётӣ татбиқ шудааст.

    Ба гуфтаи Ретайо, дар ҷараёни намоишҳо 26 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар тазоҳуротҳо тақрибан 80 ҳазор пулис ширкат дошт.

    Бино ба гузориши Radio France Internationale, 19 сентябр дар саросари Фаронса зиёда аз 250 тазоҳурот баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 1 миллион нафар иштирок карданд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи иштирокдоронро 500 ҳазор нафар арзёбӣ намудааст.

    Намоишгарон талаб карданд, ки чораҳои буҷетии коҳиши дастгирии иҷтимоӣ бекор карда шаванд, хароҷот барои хидматрасониҳои давлатӣ афзоиш ёбад ва андоз аз бойҳо бештар ситонида шавад, хабар медиҳад rbc.ru.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates