Бино ба иттилоъ, бо ҷорӣ гардидани ин восита метавон паҳншавии бемориро маҳдуд кард.

Тибқи маълумоти СҶТ доруи nOPV2, ки ба шакли қатрагӣ аз тариқи даҳон қабул карда мешавад, нисбат ба ваксинаҳои мавҷуда устувории генетикӣ ва самаранокии баландтар дорад. Хатари пайдоиши эпидемияҳои навро коҳиш медиҳад.

Дар ин замина, истифодаи ваксинаи нав метавонад бисёр кишварҳоро ба минтақаи аз полиомиелит холӣ табдил диҳад.

Ёдовар мешавем, ки полиомиелит бемории шадиди фалаҷовар буда, ба низоми асаб, махсусан ҳароммағз осеб мерасонад. Ба кӯдакони то 5-сола хатари сироятёбӣ бештар таҳдид мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо он метавонад ба фалаҷӣ ва ҳатто марг оварда расонад.