Консентратсияи зарраҳои майдаи PM10 ба 210 мкг/м³ расид, ки аз меъёри ҳадди аксари иҷозатдодашуда (ҲАИ) — 300 мкг/м³ пасттар аст.

Сатҳи PM2.5 бошад, ҳамоно баланд боқӣ монда, 144 мкг/м³-ро ташкил дод, ки ин аз ҲАИ 2,4 маротиба зиёдтар мебошад (ҲАИ — 60 мкг/м³).

Муттахассисон таъкид мекунанд, ки баланд шудани нишондодҳои PM2.5 инчунин бо тағйирёбии ногаҳонии ҳарорат вобаста аст. Дар чунин шароит таъсири инверсияи ҳароратӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа зарраҳои майда дар қабатҳои ҳаво нигоҳ дошта шуда, консентратсияи онҳо зиёд мегардад.

Маъмурият ва хадамоти масъули шаҳри Тошканд корҳои худро оид ба коҳиши чанголудӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ дар шаҳр идома медиҳанд.