Ҳаракати қатораи мусофиркашонии «Тошканд – Самара» аз нав барқарор шуд

    Нақлиёт 24 Iyun 2022 1678

    23 июнь соати 19:05 аз вокзали рохи оҳани «Тошканд-Марказӣ» поезди байналхалқии мусофирбари рақами 5 «Тошканд — Самара» ба ҳаракат даромад.

    Ин қатораи мусофирбари байналмилалӣ, ки пас аз ду солу се моҳ нахустин сафари худро анҷом медиҳад, аз 10 вагони мусофирбар ва як вагони тарабхона иборат аст.

    Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, қатораи «Тошканд – Самара – Тошканд» рӯзи панҷшанбе соати 19:05 аз истгоҳи роҳи оҳани «Тошканд-Марказӣ» ҳаракат карда, рӯзи шанбе соати 18:14 ба истгоҳи роҳи оҳани «Самара»-и Федерацияи Русия мерасад.

    Ҳаракат аз Самара рӯзи якшанбе соати 16:11 сурат гирифта, ба вокзали "Тошканд-Марказӣ" рӯзи сешанбе соати 16:56 мерасад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates