Зироат Мирзиёева қайд кард, ки решаҳои муносибатҳои байни Ӯзбекистону Чин ба асрҳо пеш рафта, таъриху фарҳанги бойи халқҳоямон барои рушди босуръати муносибатҳо дар рӯҳияи дӯстӣ, боварӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳамчун заминаи муҳим хидмат мекунад.
Вай сокинони Чини дӯстро бо фарорасии Соли нав аз рӯи тақвими моҳ — иди аҷоиби Чун Сзе табрик намуда, орзуҳои нек баён кард.
Пэн Лиюан дар навбати худ ба муносибатҳои наздики дӯстона бо хонуми аввали Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева баҳои баланд дода, аз таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ кард.
Суҳбат дар вазъияти анъанавии гарму ҷӯшон ва самимона гузашт.