Дар ҳамин робита, Қувваҳои ҳарбии ҳавоии ИМА машқҳои чандрӯзаеро дар минтақаи масъулияти Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) оғоз намуданд, ки ҳадафи онҳо намоиши қобилияти ҷойгиркунӣ ва таъмини фаъолияти ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар саросари минтақа мебошад, хабар медиҳад портали i24news.tv.

Дар ҷараёни ин машқҳо расмиёти интиқоли фаврии ҳайати шахсӣ ва воситаҳои ҳавоии ҷангӣ, амалиётҳои пароканда дар минтақаҳои фаъолият дар ҳолатҳои изтирорӣ, инчунин таъминоти моддӣ-техникӣ бо хароҷоти ҳадди ақал санҷида мешаванд.

Мақомоти расмии ИМА изҳор доштанд, ки дар рафти машқҳо қувваҳои мусаллаҳ гурӯҳҳоро дар чанд макон барои ҳолатҳои ғайричашмдошт ҷойгир хоҳанд кард. Қарор аст тактика, усулҳо ва тартибот дар шароити тағйирёбанда таҳия карда, дар ин ҳол ҳузури масъулонаи ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад, хабар медиҳад rg.ru.