Wildberries дар Ӯзбекистон бузургтарин маркази логистикиро месозад

    Тиҷорат 5 Oktabr 2023 2207

    Ритейлери онлайнии Wildberries-и Русия дар бораи ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Тошканд меморандум имзо кард. Ҷонибҳо дар бораи шарикии стратегӣ ва бунёди маркази бузурги логистикӣ ба мувофиқа расиданд. Ифтитоҳи маркази логоистикӣ соли 2025 пешбинӣ шудааст.

    Он метавонад бузургтарин маркази логистикии ширкат дар берун аз Русия шавад ва барои сокинони Ӯзбекистон беш аз 7500 ҷойи корӣ фароҳам орад.

    Ҳуҷҷати мазкурро ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зоир Мирзаев ва директор оид ба рушди байналмилалии Wildberries Рафаэл Абрахамян дар Анҷумани III ҳамкориҳои минтақавии Русия ва Ӯзбекистон дар Қазон ба имзо расониданд.

    Wildberries аллакай асосҳои техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмон ва ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳавиро тайёр мекунад. Масоҳати пешбинишудаи маркази логистикии Wildberries беш аз 150 ҳазор метри мураббаро ташкил медиҳад.

    Ҳокимияти вилояти Тошканд тибқи қонунгузории амалкунандаи Ӯзбекистон барои ширкати Wildberries 29,4 гектар замин ҷудо мекунад. Платформаи онлайн ба нақша гирифтааст, ки барои сохтмони иншооти логистикӣ тақрибан 140 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

    «Ин барои мамлакат ва ширкат лоиҳаи муҳими стратегӣ мебошад, ки он ба рушди тиҷорати онлайнӣ дар Ӯзбекистон мусоидат карда, истеҳсолкунандагони маҳаллиро дар фурӯши молҳо ҳам дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи кишвар дастгирӣ хоҳад кард. Ба шарофати пайдоиши маркази нави бузурги логистикӣ, соҳибкорони Ӯзбекистон метавонанд хароҷоти логистикии худро ба таври назаррас коҳиш диҳанд ва барои васеъ кардани бизнеси худ сармоягузорӣ кунанд, дар платформаи Wildberries барои маҳсулоти маҳаллӣ бозорҳои нав кушоянд”, - гуфт директори рушди байналмилалии Wildberries Рафаэл Абрамян.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates