Ҳамос анҷом ёфтани ҷанг бо Исроилро тасдиқ кард

    Ҳамос поёни ҷанг ва оғози созиши доимӣ бо Исроилро тасдиқ кард. Дар ин бора шабакаи Al Jazeera бо такя ба изҳороти роҳбари Ҳамос хабар дод.

    Музокиракунандаи аршади Ҳамос Халил ал-Ҳайё, таъкид кард, ки аз Амрико ва дигар миёнаравҳо дар ҳалли низоъ бо Исроил замонат гирифтааст.

    Ал-Ҳайё ҳамчунин гуфт, дар доираи ин созиш, 250 фаластинӣ, ки аз сӯи Исроил ба ҳабси абад маҳкум шудаанд ва ҳамчунин 1700 фаластинии дигар, ки аз оғози ҷанг – аз 7 октябри соли 2023 дар боздошт буданд, озод хоҳанд шуд.

    9 октябр Исроил ва Ҳамос банди аввали нақшаи сулҳро, ки Президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод кард, имзо намуданд, хабар медиҳад lenta.ru.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates