Дар маҷлис узви Шӯрои бехатарӣ, роҳбарони вазорат ва идораҳое, ки ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мешаванд, фармондеҳони округҳои ҳарбӣ, инчунин, дар студияҳои минтақаҳо раисони Ҷӯқорғи Кенгес ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, масъулони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ иштирок карданд.
Дар оғози ҷамъомад корҳое, ки бобати таҳкими иқтидори мудофиаи мамлакат амалӣ шуданд, натиҷадории онҳо баррасӣ шуда, инчунин, баъзе камбудиҳои роҳдодашуда зикр гардиданд.
Қайд карда шуд, ки артиши миллӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир таъмин гардида, омодагии ҷангӣ ва маънавии хидматчиёни ҳарбӣ дар сатҳи назаррас афзудааст.
Бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳлилҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ шуъбаҳои нави ҷангӣ созмон ёфта, ҳайати неруҳо оптимизатсия карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар асоси низоми нави модернизатсия ва бо силоҳи муосир мусаллаҳ намудани артиш, саноати мудофиа боз ҳам рушд кард, корхонаҳои иловагӣ таъсис ёфт. Аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо зиёда аз 20 мамлакати ҷаҳон ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ роҳандозӣ шуда, дар беш аз 400 машғулотҳои муштарак натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.
Инфрасохтори омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ комилан нав гардида, барнома ва методикаи таълим ба талаботи имрӯз мутобиқ карда шуд.
Ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо низ пурзӯр гардид. Аз ҷумла, қариб 30 ҳазор оила бо хонаву ҷой таъмин гардида, дар як соли охир ба беш аз 2 ҳазор нафар фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёз дода шуд.
Бобати фароҳам овардани шароит ба ҳимоятгарони Ватан секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ иштирок мекунанд. Эътибор ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарварӣ, омодагии ҳарбии ибтидоии тодаъватии онҳо дар мактабҳо пурзӯр мегардад.
Дар ҷамъомад барои соли 2025 ва солҳои минбаъда вазифаҳои устувор муқаррар гардиданд.
Зикр гашт, ки ҳангоми муайян кардани самтҳои устувори рушди артиши миллӣ, ба назар гирифтани низоъҳои мусаллаҳонаи муосир, таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти мо ва хусусиятҳои театри амалиёти ҳарбӣ муҳим мебошад.
Ҳоло дар низоъҳои гуногуни минтақавӣ аз зеҳни сунъӣ, робот, мушак, дрон ва воситаҳои муқобили онҳо васеъ истифода менамоянд. Бар асоси ин, гуфта шуд, ки дар қӯшунҳо таъсиси шуъбаҳои нав ҷиҳати мубориза бо дронҳо ва муқовимати онҳо, сохторҳои киберӣ, ки бо зеҳни сунъӣ кор мебаранд, истифодаи таҷҳизоти роботӣ ва дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ зарур аст.
Аз тарафи Президент, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ зарурати таъмини омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, боз ҳам такмил додани нишондиҳандаҳои омодагии ҷангӣ, таъсиси системаи ягонаи идораи автоматии қӯшунҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, истифодаи таълими дуалӣ дар таълими ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои ҳарбӣ таъкид гардид.
Оид ба такмил додани фаъолияти «Корпуси сержантҳо», ки сутуни артиш мебошад, рушди минбаъдаи саноати мудофиа, дастгирии иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ба соҳаи варзиши ҳарбӣ равона кардани онҳо вазифаҳои муҳим муайян гардиданд.
Дар ҷамъомад ҳисобот ва пешниҳодоти вазири мудофиа, фармондеҳони округҳои ҳарбӣ ва масъулони дигар шунида шуд.