Ҳокими вилояти Сирдарё аз вазифа сабукдӯш шуд

    Акмалҷон Маҳмудалиев, ки аз охири соли 2022 вазифаи ҳокими вилояти Сирдарёро ишғол мекард, дар натиҷаи ҷаласае, ки таҳти раёсати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, аз вазифа сабукдӯш гардид.

    Дар ин бора котиби матбуоти сарвари давлат Шерзод Асадов хабар додааст.

    Дар мулоқот таъкид шудааст, ки дар чанд минтақаи кишвар фаъолият барои ҷалби сармоя ва рушди содирот нокофӣ аст.

    Аз сабабҳои барканории Акмалҷон Маҳмудалиев нокомиҳо дар кори ҷалби сармоя, рушди кишоварзӣ ва чанд самти дигар номбар шудаанд.

    Президент инчунин қайд кард, ки дар соли 2023 ҳаҷми сармояи ҷалбшуда дар ҳашт ноҳияи Ӯзбекистон аз 15 миллион доллар зиёд нашудааст. Дар 16 ноҳияи дигар ва шаҳри Оҳангарон кам шудани нишондиҳандаҳои содиротӣ сабт шудааст. Ба ҳокимони ин минтақаҳо танбеҳ дода шуд.

    Дар ҷаласа механизми нави назорат аз болои фаъолияти сармоягузорӣ пешниҳод шуд. Сарвазир Абдулла Арипов ҳар моҳ нақшаи ҷалби 42 миллиард доллар сармояи хориҷиро барои соли 2025 тасдиқ хоҳад кард. Ҳокимони ҳама сатҳҳо ва роҳбарони соҳаҳо акнун муваззафанд, ки дар як ҳафта ду рӯзро ба масъалаҳои сармоягузорӣ бахшида, бо соҳибкорон мулоқоти сайёр баргузор намуда, мушкилоти пайдошударо фавран ҳал кунанд.