Дар рӯзҳои шодмон, вақте ки бо нафаси аввалини баҳор табиат бедор мешавад ва ҷаҳон зебоии нав касб мекунад, дилҳои мо боз ҳам аз рӯҳи иди меҳрубонӣ ва нозукӣ – 8 март саршор мегарданд. Ба шарофати занон ҷаҳон бо меҳрубонӣ ва муҳаббат, хушбахтӣ ва оромӣ мунаввар аст. Дуоҳои модарон ва табассумҳои хоҳарон ба зиндагӣ маъно мебахшанд ва боварии моро ба фардои нек боз ҳам устувортар мегардонанд.

Имрӯз эҳтироми баланду гиромидоште, ки нисбат ба занони мо зоҳир мегардад, дар яке аз меъёрҳои асосии ислоҳот таҷассум меёбад. Зан на танҳо нигаҳбони гармии хонадон, балки ҳамчун шахси фаъоли замони муосир, роҳбари хирадманд ва созандаи фаъол эътироф мешавад, ки дар рушди Ӯзбекистони нав саҳми бебаҳо мегузорад. Чорабинии тантанавии идона боз як намунаи равшани арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ гардид.

Ҳангоми суханронӣ дар маросим Сарвари давлат тамоми занони кишварро самимона табрик гуфт.

– Зиндагии инсон ва рушди ҷомеаро бидуни занону духтарон ва бе фазилатҳои некӯи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Мо дар симои шумо неруи бузургеро мебинем, ки 22 миллион нафар насли ҷавонро, ки ҳамчун бунёдкорони Эҳёи сеюм ба майдон меояд, бо меҳри модарона тарбия карда, ба камол расондааст.

Агар гӯем, ки Шумо соҳибкор, олим, омӯзгор, шифокор, муҳандис, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бо як сухан, фариштаҳои хонадонҳои мо, такягоҳи оила ва ҷомеа ҳастед, ин айни ҳақиқат хоҳад буд, — таъкид намуд Президент.

Қайд гардид, ки дар кишвар низоми тамоман нави таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда шудааст. Дар қонунҳо ва қарорҳои қабулшаванда ба масъалаҳои баробарии гендерӣ диққати махсус дода мешавад. Минбаъд ягон қонун бе арзёбии таъсири он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои занон қабул намегардад.

Дар натиҷаи чунин сиёсати давлатӣ табақаи занони соҳибкори фаъол ташаккул ёфтааст, ки имрӯз шумораи онҳо қариб ба 230 ҳазор нафар расидааст. Дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 12 ҳазор занони фермер фаъолият доранд, беш аз 6 ҳазор занони олим ба корҳои илмӣ машғуланд.

Духтарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ шарафи Ватанро сазовор ҳимоя мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта онҳо дар майдонҳои ҷаҳонии варзиш 167 медали тилло, 193 нуқра ва 243 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин тағйироти мусбат дар ҳаёти занони мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф мегардад. Хусусан, дар рейтинги «Занон дар парлумон»-и Иттиҳодияи байнипарлумонӣ Ӯзбекистон дар ҷои 36-ум қарор гирифт ва 92 зина боло рафт. Дар Индекси баробарии гендерӣ ва идоракунӣ, кишвар аз ҷои 103-юм ба ҷои 52-юм боло рафт. Ва дар гузориши «Занон, тиҷорат ва қонун»-и Бонки ҷаҳонӣ, он мавқеи худро 43 зина беҳтар карда, дар ҷои 48-ум қарор гирифт.

Сарвари давлат ба заноне, ки дар соҳаҳои гуногун кор карда, бо меҳнат, истеъдод ва неруи зеҳнии худ дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳми арзанда мегузоранд, инчунин ба духтароне, ки дар арсаҳои байналмилалӣ шарафи Ватанро баланд мебардоранд ва ба падару модарон, устодон ва мураббиёни онҳо изҳори миннатдории самимӣ намуд.

Ба масъалаҳои таъмини шуғли занон ва ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ диққати махсус дода шуд. Соли гузашта барои ин мақсадҳо 23,5 триллион сӯм қарз ҷудо гардид ва дар натиҷа зиёда аз 425 ҳазор зан бо соҳибкорӣ машғул шуданд.

Барномаҳои васеи баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии занон имсол низ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, 166 ҳазор зан ба касбу ҳунарҳои муосир ва соҳибкорӣ, боз 100 ҳазор зан ба технологияҳои иттилоотӣ омӯзонида мешаванд.

Ҳамчунин барномаи «Даромадли аёл» («Даромад барои занон») оғоз мегардад, ки боиси шуғли 50 ҳазор зан дар соҳаҳои хонакорӣ, ҳунармандӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва хоҷагии наздиҳавлигӣ хоҳад шуд.

Дар доираи барномаи «Ҳамроҳ» барои татбиқи 3 ҳазор лоиҳаи занон ба миқдори 1 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

Умуман, дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 1,5 миллион зан соҳиби даромад гарданд ва 400 ҳазор нафари онҳо ба соҳибкорӣ ҷалб карда шаванд. Барои ин зиёда аз 25 триллион сӯм равона мегардад.

Президент ҳамчунин ба имкониятҳое, ки дар кишвари мо барои таҳсили духтарон фароҳам оварда шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зиёда аз 904 ҳазор духтар таҳсил мекунанд, ки 54 фоизи шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Қайд гардид, ки 61 фоизи муҳаққиқони докторант ва таҳқиқотчиёни ҷавонро низ занон ташкил медиҳанд.

Аз соли таҳсили нав шумораи квотаҳои гранти давлатии таҳсил барои духтарони оилаҳои ниёзманд ду баробар зиёд шуда, ба 4 ҳазор мерасад. Илова бар ин, давлат маблағи шартномаи таҳсили духтаронеро, ки дар магистратура аз рӯйи барномаҳои муштараки таълимӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил мекунанд, пардохт хоҳад кард.

Барои дастгирии ғояҳои инноватсионии занон ҳар сол аз рӯйи ҳадди ақал 10 самт озмунҳои стартап баргузор карда мешаванд. Ба ҳар як ғолиб аз Фонди инноватсионӣ то 500 миллион сӯм грант ҷудо мегардад.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки мубориза бар зидди зӯроварӣ ва фишор нисбат ба занон ва кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.

Ба наздикӣ аз ҷониби Президент фармони нав дар бораи ҳифзи занон ва кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ба имзо расид. Акнун мубориза бо тамоми намудҳои зӯроварӣ ва таъқиб нисбат ба занон ва кӯдакон дар асоси низоми қатъӣ роҳандозӣ мегардад.

Ҳамчунин татбиқи барномаи «Янги ҳаёт» («Ҳаёти нав») барои мутобиқсозии заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ муҳлати ҷазоро адо мекунанд, ба ҷомеа ба нақша гирифта шудааст. Онҳо метавонанд дар доираи барномаҳои 3-6 моҳа касб омӯзанд ва инчунин ба донишгоҳҳо дохил шуда, таҳсилро ба таври фосилавӣ идома диҳанд.

– Мо дар назди худ ҳадафҳои бузургеро гузоштаем, ки пеш аз ҳама барои бахти инсон, барои қадри инсон хидмат мекунанд. Зеро хушбахтии инсон аз оила оғоз меёбад ва оила бо зан мустаҳкам аст. Наслҳои оянда маҳз дар ҳамин макони муқаддас ба камол мерасанд. Бешубҳа, дар ин раванд тарбияи маънавии духтарони мо нақши ҳалкунанда дорад, – гуфт Сарвари давлат.

Дар шароите, ки вазъият дар ҷаҳон рӯз ба рӯз муташанниҷтар мегардад, арзиши сулҳу оромӣ дар кишвари мо боз ҳам равшантар эҳсос мешавад. Изҳори итминон карда шуд, ки модарону бибиҳои ғамхор, ки ҳамеша барои корҳои нек дуо медиҳанд, барои ҳама намунаи ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи фарзандону наберагон дар рӯҳияи қадршиносӣ аз ин неъмати бузург хоҳанд буд.

Дар чорабинӣ ба гурӯҳи заноне, ки дар рушди кишвари мо саҳми арзанда мегузоранд, мукофотҳои олии давлатӣ бо тантана супурда шуданд. Ҳамчунин 28 духтари боистеъдод, ки дар илм, маориф, фарҳанг ва худро фаъолона нишон додаанд, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия гардиданд.

– Ба як мамлакати бонувонаш аз ҳаёти худ ризоманд ва хушбахту саодатманд табдил додани Ӯзбекистони Нав, орзуи бузургтарини ман мебошад.

Боварии комил дорам, ки бо чун шумо бонувони фидокор, фаъол ва меҳнатдӯст, бо тамоми халқи кишвар мо албатта ба ин мақсадҳои неки худ мерасем, – таъкид намуд Сарвари давлат.

Дар доираи чорабинии идона дар Қасри форумҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.