Нақшаи генералии шаҳри нав баррасӣ гардид

    Ҳукумат 9 Mart 2022 3594

    Президент Шавкат Мирзиёев 9 март бо лоиҳаи марҳилаи дуюми сохтмони шаҳраки “Намангони Нав” шинос шуд.

    Намангон ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам нуфус вусъат меёбад. Дар тӯли солҳои охир майдони шаҳр 3,6 ҳазор гектар васеъ шуда, аҳолии он дар давоми панҷ соли охир 152 ҳазор нафар афзуд. Дар ин давра зиёда аз 300 манзили бисёрхонагӣ сохта шуда, қариб 65 ҳазор нафар квартира хариданд.

    Аз ҷумла, дар доираи марҳилаи якуми лоиҳаи “Намангони Нав” дар майдони 330 гектар 184 манзили дорои 8,5 ҳазор ҳуҷра сохта шуданд. Ба ғайр аз ин, дар 145 гектар минтақаҳои хурди саноатӣ ташкил карда, дар онҳо 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуданд.

    Ҳоло 30 ҳазор нафар ба манзил эҳтиёҷ дорад ва дар солҳои наздик аҳолии шаҳр соле 25 ҳазор нафар зиёд мешавад.

    Шавкат Мирзиёев дар барномаи пешазинтихоботии худ нақшаҳои ба шаҳри “як миллион нафара” табдил додани Намангон ва васеъ гардондани тарҳи лоиҳаи “Намангони Нав”-ро муайян намуда буд.

    Имрӯз дар муаррифӣ нақшаи генералии навбати дуюми сохтмони шаҳрак баррасӣ шуд. Он бунёди 171 манзили дорои 20 ҳазор квартираро дар майдони 272 гектар пешбинӣ менамояд.

    Сарвари давлат ба вазъи инфрасохтори шаҳрак таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба сифати хонаҳои оянда эътибор дод. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки бо сокинони биноҳои истиқоматӣ ва одамони ба манзил эҳтиёҷманд вохӯрда, пешниҳодҳои онҳоро омӯзанд ва дар ин замина лоиҳаро аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ намуда, синҷакорона такмил диҳанд.

    Аҳамияти оқилона ҷо ба ҷо гузоштани ​​сохтмони манзил ва шабакаи муҳандисию коммуникатсионӣ, дар корҳои ороишӣ ва пардозӣ истифода бурдани анъанаҳои миллии меъморӣ таъкид шуд.

    Оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шаҳрак дастур дода шуд.

    Дар лойиҳа инчунин созмон додани боғи “Ӯзбекистони Нав” ба нақша гирифта шудааст.

    Президент таъкид кард, ки аз ҳоло барои боғ ниҳолҳои дарахт омода карда, дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ва канори роҳҳо корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шаванд.

    Ба беҳтар гардондани инфрасохтори минтақаҳои хурди саноатӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва шабакаҳои таъминоти оби нушокӣ дар вилояти Намангон эътибори алоҳида дода шуд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки кори ёварони ҳоким, пешвоёни ҷавонон ва фаъолонро ба роҳ монанд, дар маҳаллаҳо майдончаҳои варзишӣ ва маҷмӯъҳои хизматрасонии маишӣ бунёд намоянд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates