Ҷопонҳо дар таҳияи чунин дастгоҳҳо пешсаф буданд. Истгоҳҳои базавӣ дар HAPS ин басомадҳои 1,7 ГГц, 2 ГГц ва 2,6 ГГцро истифода мебаранд. Ин се басомад асоси алоқаи мобилиро ташкил медиҳад ва диапазони 700-900 МГс, ки сифати хадамоти мобилиро беҳтар мекунад, дар Аврупо, Амрико, Африқо ва қисматҳои Осиё амал мекунад.
Ҳавопаймоҳои бесарнишини HAPS дар баландии аз 18 то 25 км дар стратосфера парвоз мекунанд ва барои ҷойгир кардани насли ояндаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ хеле мувофиқанд ва имкон медиҳанд, ки имконоти иртиботот дар осмон ва баҳр густариш ёбад. Ҷопон инчунин интизор дорад, ки воситаҳои нақлиёти бесарнишин, системаҳои телекоммуникатсионӣ ва идоракунии оперативиро дар шакли маҷмӯаҳои омода ба истифода содир кунад.