Нақшаҳои сохтмони роҳҳо пешниҳод карда шуданд

    Ҳукумат 2 Aprel 2024 1827

    Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти нақшаҳо дар соҳаи тмони роҳҳои автомобилгард шинос шуд.

    Дар мамлакати мо бо мақсади инкишоф додани шабакаи роҳҳои байналхалқӣ ва маҳаллӣ ва фароҳам овардани қулайӣ барои ҳаракати нақлиёт лоиҳаҳои сершумор таҳия мешаванд. Аз ҷумла, бо иштироки Бонки осиёии рушд татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳҳои дохилӣ бо фаршҳои сементу бетонӣ” дар назар аст. Дар доираи лоиҳа дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва 86 ноҳияҳои минтақаҳо, ки беш аз 770 ҳазор нафар дар 272 маҳаллаҳо зиндагӣ мекунанд, 841 километр роҳҳои фарши симону бетонӣ сохта хоҳанд шуд. Барои ин 240 миллион доллар маблағи Бонки осиёии рушд равон карда мешавад.

    Сохтмон ва назорати техникӣ пурра аз ҷониби пудратчиёни ватанӣ - соҳибкорони хусусӣ ва муҳандисони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Баъди ба истифода додани роҳҳо пудратчии асосӣ дар давоми 5 сол нигоҳубини кафолатнок ва истифодабарии онҳоро таъмин менамояд.

    Лоиҳаи дигар ба таҷдиди қитъаи роҳи байналмилалии шоҳроҳи М39 «Алмаато – Бишкек – Тошканд – Шаҳрисабз – Тирмиз» аз километри 1255 то 1315 равона шудааст. Ин қитъаи танги таъмирталаб аз маркази ноҳияи Деҳқонобод мегузарад.

    Дар доираи лоиҳа 60 километр роҳи чорқатора бо фаршҳои сементу бетонӣ сохта мешавад. Дар атрофи маркази ноҳияи Деҳқонобод роҳи нави 17-километраи гардишгар, 14 купрӯк ва гузаргоҳи роҳ сохта мешавад. Корҳо аз ҳисоби ҷалби қариб 154 миллион доллар аз Бонки исломии рушд ва Хазинаи рушди байналмилалии ОПЕК маблағгузорӣ мешаванд.

    Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 10 октябри соли 2023 вазифаи аз нав дида баромадани номгӯи роҳҳои истифодаи умум муайян карда шуд. Бо ҳуҷҷат рӯйхати роҳҳои автомобилгарди дарозиашон 20 километр дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳар як вилоят тасдиқ гапдид, ки истифодабарии онҳо ба тариқи озмоиш дар аутсорс ба сектори хусусӣ дода мешавад.

    Дар тақдимот дар бораи корҳои дар ин самт анҷом додашуда ва нақшаҳои соли ҷорӣ маълумот дода шуд.

    Сарвари давлат оид ба босифат сохтани роҳҳо, бунёди ҷангалзорҳо дар канори кӯчаҳои таъмиршаванда ҷиҳати беҳбуди экологияи минтақаҳо ва инфрасохтори қулайи роҳу нақлиёт дар деҳот супоришҳо дод.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates