Барои ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам оварда хоҳанд шуд

    Ҳукумат 11 Aprel 2023 8762

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 11 апрел оид ба чораҳои баланд бардоштани самарабахшии корҳо, ки дар соҳаи сиёсати ҷавонон гузаронда мешаванд, ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар мамлакати мо зиёда аз 19 миллион нафар ҷавонони то 30-сола ҳастанд, ки онҳо 55 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Ҳоло ҳар сол 600 ҳазор ҷавон ба бозори меҳнат ворид мешавад ва дар даҳ соли наздик ин рақам ба 1 миллион нафар мерасад.

    Аз ин рӯ, ба таъмини таълими босифат, омодакунии касбӣ ва бо кор таъмин кардани ҷавонон таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Барои дар сатҳи маҳалла ташкил намудани ин корҳо низоми амудии идоракунӣ ташкил карда шуд. Дар 9,5 ҳазор маҳалла аз ҷумлаи ҷавонписарону духтарони фидокору ташаббускор пешвоёни ҷавонон таъин карда шуданд. Ба воситаи ин низом барои ҷавонон беш аз 100 имконият фароҳам оварда шуда, мақсаднок дастгирӣ намудани онҳо роҳандозӣ гардид.

    Масалан, танҳо соли гузашта барои соҳибкории ҷавонон ба маблағи 4 триллион сӯм қарз ҷудо шуда, 150 ҳазор лоиҳа ба роҳ монда, 325 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. 43 ҳазор гектар замини кишт ҷудо карда, шуғли 435 ҳазор нафар ҷавонон таъмин карда шуд. Аз ҳисоби субсид ба беш аз 32 ҳазор нафар таҷҳизот, асбобу анҷом ва компутер харид карда шуд.

    Дар соҳаи дастгирии иҷтимоӣ низ корҳои назаррас ба анҷом расонда мешаванд. Аз ҷумла, соли гузашта ба 130 ҳазор донишҷӯ 1,7 триллион сӯм қарзи таълимӣ дода шуда, таҳсили занон дар магистратура бепул гардид. Ба 53 ҳазор нафар донишҷӯёни камбизоат барои пардохти шартномаи таҳсил, 15 ҳазор нафар ҷавонон барои пардохти хароҷоти ба хидмати ҳарбӣ марбут, 13 ҳазор нафар барои омӯзиши забони хориҷӣ кумаки молиявӣ расонда шуд. 81 ҳазор нафар донишҷӯён барои пардохти иҷорапулӣ ҷубронпулӣ гирифтанд. Ба воситаи «Дафтари ҷавонон» ба 300 ҳазор нафар ҷавонон ба миқдори қариб 600 миллиард сӯм кумак расонда шуд.

    Аммо дар соҳа ҳанӯз масъалаҳои муҳим зиёданд, ки ҳалли худро интизоранд. Имрӯз дар мамлакат расман 722 ҳазор нафар ҷавонони бекор ҳастанд.

    Барои дақиқтар ва мақсаднок ташкил намудани кор бо ҷавонон дар байни 9 миллион нафар ҷавонони аз 14 то 30-сола омӯзиш гузаронда шуд. Дар баробари ин бори аввал маълумоти 25 вазорату идора ба пойгоҳи ягона муттаҳид карда шуданд. Вазъи иҷтимоӣ, қобилият ва шавқу ҳавас омӯхта, оид ба ҷорӣ намудани механизми кори «аз маҳалла то вазорат» чораҳо муайян карда шуданд.

    Дар ҷамъомад ба мушкилоти ҷавонони бекор, инчунин ҷавононе, ки дар бахши ғайрирасмӣ шуғл доранд ё барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуд. Сарвари давлатамон дар ин самт як қатор ташаббусҳои навро ба миён гузошт.

    Аз ҷумла, қайд гардид, ки барои таъмини шуғли ҷавонон, пеш аз ҳама бояд низоми шуғли аҳолиро аз нав дида баромад.

    Масалан, дар айни ҳол дар зиёда аз 103 ҳазор ташкилот 254 ҳазор ҷойи холӣ мавҷуд аст. Аммо соли гузашта зиёда аз 6 ҳазор нафар писарону духтароне, ки мактабҳои олиро хатм кардаанд, 30 ҳазор нафар писарону духтароне, ки коллеҷу техникумҳоро хатм кардаанд, кор пайдо карда натавонистанд.

    Ба ин муносибат минбаъд ҳар як вазорат талаботи тахассусиро ба касбҳои соҳаҳои таҳти назорат қарордошта мустақилона муайян мекунад. Инчунин вазоратҳо на танҳо барои тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус супориш медиҳанд, балки якҷоя бо онҳо барномаҳои таълимӣ таҳия мекунанд.

    Тавре маълум аст, ки дар соли 2021 таҷрибаи баргардондани андози иҷтимоӣ ба корхонаҳое, ки ҷавонони то 25-соларо ба кор қабул кардаанд, ҷорӣ карда шуд. Дар давраи гузашта зиёда аз 9 ҳазор корхона аз ин имконият истифода бурда, 100 ҳазор нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Сарвари давлат дастур дод, ки муддати ин таҷрибаи мусбат боз ба ду сол дароз карда шавад.

    Дар бораи таъсис додани фонд ва платформаи электронии «Ташаббусҳои ҷавонони Ӯзбекистони Нав» қарор қабул шуд. Ба фонд 100 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд, ки он барои ғояҳои беҳтарин, стартапҳо ва лоиҳаҳои ҷавонони боистеъдод дар шароити қулай ва имтиёзнок, ҳангоми зарурат, бидуни ҳисоб кардани фоиз равона карда мешаванд.

    Дар асоси таҷрибаи IT-паркҳо дар минтақаҳо инчунин боғҳои эҷодӣ ташкил карда мешаванд. Ба онҳо имтиёзҳо ва сабукиҳое, ки ба резидентҳои IT-паркҳо дода мешаванд, татбиқ мегарданд.

    Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми ҷудо кардани маблағ аз фонди «Дафтари ҷавонон» бояд ба касбомӯзӣ ва шуғли аҳолӣ афзалият дода шавад. Ба ин муносибат қарор қабул шуд, ки имконияти якбора истифода бурдан аз якчанд хидматҳои баҳам алоқаманд тавассути фонд фароҳам оварда шавад.

    Ҷавононе, ки ба дастгирии давлатӣ эҳтиёҷ доранд, ном ба ном ба ҳар як вазир, муовини ӯ, ҳокими вилоят, ноҳия ва шаҳр, роҳбари сектор, ректор, фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбӣ вобаста карда мешавад. Онҳо омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани парасторонро дастгирӣ мекунанд, ба онҳо дар гирифтани қарз, субсид ва кафолатҳо ёрӣ мерасонанд.

    Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавонон баррасӣ шуданд.

    Дар пурсиши ба қарибӣ дар байни беш аз 100 ҳазор ҷавонон гузарондашуда пурсидашудагон зикр намуданд, ки дар маҳаллаҳои онҳо барои шуғл варзидан бо варзиш ва фароғат шароити мусоид вуҷуд надорад.

    Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки дар марказҳои вилоятҳо, баъдтар дар ноҳияҳо боғҳои шабонарӯзии ҷавонон ташкил карда шаванд. Дар онҳо барои шуғл варзидан бо варзиш, киберспорт ва бозиҳои зеҳнӣ, китобхонӣ, караоке шароит фароҳам оварда шаванд. Инчунин дар ҳар як ноҳия сайрҳои ҷавонон, кӯчаҳои эҷодӣ, инчунин лигаҳои варзишӣ, коворкингҳо ва студияҳои театрӣ дар мактабҳои олӣ ташкил карда мешаванд.

    Имрӯз 1,5 миллион нафар ҷавонон вақти холии худро ба омӯзиши забони хориҷӣ мебахшанд. Барои боз ҳам бештар ҳавасманд кардани ин таваҷҷуҳи ҷавонон барои омӯзиши забонҳо дар марказҳои хусусӣ субсид ҷудо карда хоҳад шуд.

    Дар ҷамъомад оид ба муҷаҳҳаз намудани маҳфилҳо дар мактабҳо ва дастгирии мураббиён, баланд бардоштани самарабахшии кори марказҳои бачагонаи «Баркамол авлод» як қатор вазифаҳо муайян карда шуданд. Байни ҷавонон «Олимпиадаи касбҳо» гузаронда мешавад.

    Дар замони ҳозираи ҷаҳонишавӣ таҳдидҳо ба тарбия ва шуури ҷавонон меафзоянд. Аҷдоди мо, маърифатпарвар Абдулло Авлонӣ қайд кардааст: «Хушбахтии ҳар як халқ ба тарбияи хуби ҷавонон вобаста аст».

    Аммо, дар ҷамъомад таъкид гардид, ки фарогирӣ ва самарабахшии чорабиниҳои маънавию маърифӣ ба таври бояду шояд нест, дар ин бобат манфиати ҷавонон ба назар гирифта намешавад.

    Ба ин муносибат супориш дода шуд, ки фаъолияти Маркази маънавият ва маърифат такмил дода, мазмуну мундариҷа, ки ба ҳифзи ҷавонон аз таҳдидҳои ғоявӣ нигаронда шудааст, густариш дода шавад.

    Дар маҷмӯъ барои ташкили самарабахши сиёсати давлатӣ дар ин самт барномаи «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав» таҳия гардида, ба қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

    Президент таъкид намуд, ки кор бо ҷавонон вазифаи ҳамаи роҳбарон, аҳли ҷомеаи васеъ, тамоми ҷамъияти мо мебошад.

    Дар ҷамъомад аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ҳисоботи вазирон ва ҳокимон шунида шуданд.