Дар бозори мошинҳои Ӯзбекистон афзоиши фурӯш ба қайд гирифта шуд

    Нақлиёт 23 Noyabr 2021 954

    Таҳлили Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот нишон дод, ки бозори Ӯзбекистон дар моҳи октябр ҷаҳиш кардааст - фурӯши мошинҳои сабукрав нисбат ба моҳи октябри соли 2019 ба андозаи 31,1% афзоиш ёфтааст.

    Дар моҳи октябри соли 2021 шумораи муомилоти хариду фурӯши мошинҳо дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Инак, нисбат ба моҳи сентябри соли ҷорӣ афзоиш 32,6 фоизро ташкил дод.

    Дар ҳамин ҳол, нисбат ба моҳи октябри соли 2020 талабот дар бозори дохилии мошинҳо 10 фоиз афзоишро нишон дод.

    Бояд гуфт, ки пас аз бекор кардани маҳдудиятҳо бар асари пандемияи коронавирус дар нимаи моҳи августи соли гузашта талабот ба хариди мошинҳо дар моҳи август нисбат ба моҳи июл 54,3% афзоиш ёфтааст. Конеъ гардондани талаби ба таъхир гузошташуда то охири сол давом кард.

    Ҳамин тариқ, бозори мошинҳои дохилӣ дар тирамоҳи соли 2020 ба нишондиҳандаҳои пеш аз бӯҳрон баргашт ва дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҷаҳиши назаррас ба болоро нишон дод. Ҳамин тариқ, фурӯши мошинҳо нисбат ба моҳи октябри соли 2019 ба таври назаррас 31,1% афзоиш ёфтааст.

    Бешубҳа, мутаассифона, нарасидани микрочипҳои глобалӣ, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, истеҳсоли саноати автомобилиро бозмедорад. Дар ин шароит, афзоиши назарраси бозори автомобилӣ асосан аз ҳисоби афзоиши фурӯш дар бозори дуюмдараҷа ба даст меояд. Агар дар моҳи октябр 50,1 ҳазор мошин фурӯхта шуда бошад, пас дар моҳи сентябр ин рақам 40,3 ҳазор ададро (афзоиш 24,3 фоиз) ташкил дод. Дар бозори ибтидоии автомобилӣ ҷунбуҷӯли хеле зиёд ба назар мерасад. Дар моҳи октябр 20,6 ҳазор мошини нав фурӯхта шуд, ки ин назар ба моҳи сентябр 58,5 фоиз зиёд аст.

    Бинобар ҳудудҳо суръати баландтарини афзоиш дар вилоятҳои Сурхондарё (60,4 фоиз), Навоӣ (55,9 фоиз), Бухоро (53,4 фоиз) ва Тошкент (50,2 фоиз) ба мушоҳида расид.

    Дар моҳи октябри соли 2021 18,5 ҳазор мошини нав ба қайд гирифта шуд (афзоиш нисбат ба моҳи сентябр - 64,4%). 1,4 ҳазортои онҳо мошинҳои хориҷӣ мебошанд.

    Коршиносон қайд мекунанд, ки фурӯши мошинҳои хориҷӣ нисбат ба моҳи сентябр каме коҳиш ёфта (2343 адад) ва нисбат ба моҳи август 38,2% (1021 адад) афзоиш ёфтааст.

    Дар ин давра бештари мошинҳои хориҷӣ дар шаҳри Тошканд (5209 адад), вилоятҳои Фарғона (1610 адад), Тошканд (834 адад) ва Самарқанд (505 адад) ба фурӯш рафтаанд.

    Умуман, дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-октябр 152,2 ҳазор автомобилҳои нави сабукрав, аз он ҷумла 9,9 ҳазор адад ё худ 6,5 фоиз автомобилҳои хориҷӣ ба кайд гирифта шуд.

    Минтақаҳои ҳаҷми фурӯши автомобилҳои нав бештар дар моҳи октябр шаҳри Тошканд – 5682 адад, (аз ҷумла 902 адад ё худ 15,9 фоиз мошинҳои хориҷӣ), вилоятҳои Тошканд -- 1925 адад (62 адад ё 3,2 фоиз мошинҳои хориҷӣ) ва Самарканд -- 1416 адад (81 адад ё 5,7 фоиз мошинҳои хориҷӣ) гардиданд.

    Халилуллоҳ Ҳамидов,
    мудири сектори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот.

    Хидмати равобит бо ҷомеаи МТИИ.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates