Палатаи қонунгузорӣ тағйирдиҳии сарҳади Тошкандро маъқул донист

    Афзоиши босуръати аҳолии пойтахт сохтмони иншооти нави иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, васеъ кардани иншооти фарҳангӣ ва фароғатии шаҳрро тақозо мекунад.

    Масъалаи тағйир додани сарҳади вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд, ки депутатҳо тдар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ намуданд, босис муҳокимаҳои фаъол гардид.

    Ин масъала дар ҷаласаи умумии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис 10 августи соли ҷорӣ баррасӣ шуда буд ва бисёр саволҳои депутатҳо оид ба рӯзномаи ҷаласа кушода боқӣ монданд, аз ин сабаб лоиҳа ба кумита баргардонида шуд.

    То 1 июли соли равон аҳолии пойтахт 2737,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Он нисбат ба аввали соли равон 42,8 ҳазор нафар ё худ 101,6 фоиз афзудааст. Зичии аҳолӣ дар як километри мураббаъ 7564 нафарро ташкил медиҳад.

    Дар давраи гузашта бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, депутатҳо ҷиҳати ба итмом расонидани лоиҳа ва такмили минбаъдаи он суҳбати "мизи мудаввар" баргузор гардид.

    Ба андешаи вакилони мардумӣ, дар оянда аз қаламрави вилояти Тошканд ба Тошканд додани қитъаҳои замин боиси боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ, густариши соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ мегардад.

    Пас аз баҳсу мунозираи дуру дароз лоиҳаи қарор аз ҷониби депутатҳо қабул гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates