Бозиҳои "Заковат" ба ҳаракати оммавии зеҳнии ҷавонон табдил меёбанд

    Ҳукумат 13 Oktabr 2021 7921

    Бозии финалии интеллектуалии "Заковат" дар маҷмааи сайёҳии “Bukhara Desert Oasis” дар ноҳияи Рометани вилояти Бухоро баргузор шуд.

    Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карда, ҳамроҳи тамошобинон бо ҷараёни мусобиқа шинос шуд.

    Финал, ки дар он дастаҳои вилоятҳои Хоразм ва Навоӣ қувва озмуданд, бо пирӯзии хоразмиён ба охир расид.

    Дар хотима сарвари давлат суханронӣ кард.

    - Ман аз шумо барои ин ғайратмандӣ, саъйатон ба дониш миннатдорам, - гуфт ӯ. - Ман ба ҷавонони имрӯза нигоҳ карда, аз он шодам, ки таваҷҷӯҳи вижае, ки мо дар солҳои охир ба соҳаи маориф медиҳем, қарорҳои оид ба ҳавасмандгардонии мутолиаи китоб қабулкардаамон натиҷа медиҳад. Ман бо шумо фахр мекунам!

    Сарвари кишвари мо ҳамчун макони баргузории бозиҳо интихоб шудани Бухороро махсусан қайд кард, зеро дар ин сарзамин олимони бузурги зиёде ба мисли Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Абдуҳолиқи Ғиҷдувонӣ, Баҳовуддин Нақшбанд, Муҳаммад Наршахӣ, Абдурауфи Фитрат ба воя расидаанд. Президент изҳори боварӣ кард, ки ҷавонони имрӯза ворисони шоистаи онҳо хоҳанд шуд.

    - Мо роҳи таъмини зиндагии беҳтари мардуми худ, бунёди ҷомеаеро интихоб кардем, ки дар он шаъну шарафи инсон арзиши олӣ аст. Мо барои расидан ба ҳадафҳои азиме, ки дар назди худ гузоштаем, ба кӣ такя карда метавонем? Албатта, ба чунин ҷавонони бомаърифат ва ватандӯсти мисли шумо, - гуфт сарвари давлат.

    Имсол бозии интеллектуалии "Заковат" 20-сола мешавад. Президент дар суханронии худ барои фароҳам овардани шароит барои ҷавонони босавод бисёр ташаббусҳо ба миён гузошт. Пеш аз ҳама, бо назардошти хоҳиш ба дониш ва потенсиали зеҳнии ҷавонони кишвари мо, бозиҳои “Заковат” ба ҷунбиши азими зеҳнӣ мубаддал хоҳанд шуд.

    Барои дастгирии молиявии ҳаракат ҳар сол 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Фаъолияти клуб дар ҳама минтақаҳо, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарин ташкил карда мешавад. Барои ғолибон стипендияи “Заковат” таъсис дода мешавад. Дар Тошканд барои клуб бинои алоҳида ва Шаҳраки бозиҳои интеллектуалӣ, инчунин Мактаби интеллектуалӣ дар пойгоҳи лагери ҷавонон дар ноҳияи Бӯстонлиқ сохта мешавад.

    Соли оянда аввалин олимпиадаи интеллектуалӣ барои дарёфти ҷоизаи Президент дар байни донишҷӯён баргузор мешавад. Вохӯриҳо бо олимони машҳури ҷаҳон, аз ҷумла барандагони ҷоизаи Нобел ташкил карда мешаванд.

    Барои барномасозоне, ки маҳсулоти барномавӣ ва бозиҳои мобилии ба баланд бардоштани нерӯи зеҳнии насли наврас нигаронидашуда меофаранд, грантҳо ва субсидияҳои махсус пешбинӣ мегарданд.

    - Шахсе, ки бо меҳнати суботкорона ба орзуи худ расидааст, хушбахттарин шахс аст. Аз ин рӯ, ҳамеша барои фатҳи қуллаҳо саъй кунед, барои мақсади неки худ мубориза баред. Донишро пайваста азхуд кунед, ба худ бовар кунед, чизҳои навро кашф ва эҷод кунед, дилпурона пеш равед, - даъват кард Шавкат Мирзиёев.

    Бо фармони Президент асосгузори клуби “Заковат” Абдурасул Абдуллоев ва ғолибони марҳилаи ниҳоӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

    Бо ҳамин сарвари давлат сафари худро ба Бухоро ба анҷом расонд ва ба вилояти Навоӣ рафт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates