Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо аз рушди кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро ба густариш ва амиқсозии минбаъдаи шарикӣ таъкид намуданд.
Дар бораи ҷадвали чорабиниҳои муштараки дарпешистода табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.