Дар фурудгоҳи байналмилалии «Иссиқкӯл»-и шаҳри Чӯлпонота меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ва ҳамсараш истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмонони воломақом парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

Имрӯз роҳбарони ду давлат зимни музокирот масъалаҳои амиқтар гардонидани муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва ба сатҳи нав баровардани онҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин иштироки Президенти Ӯзбекистон дар нишасти ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар назар аст.