Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шота Руставели роҳбари давлати моро муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Мака Бочоришвили ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф кашид.

Имрӯз музокирот бо Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили баргузор мегардад. Фардо, 3 июл, роҳбари Ӯзбекистон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот анҷом медиҳад.