Дар рафти суҳбати самимӣ дар фазои ғайрирасмӣ масъалаҳои марбут ба амалисозии ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав ва саҳми ҳамватанон дар татбиқи фаъолонаи онҳо баррасӣ гардиданд.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҷиҳати густариши робитаҳои Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои иқтисод, илму фан ва таълим як қатор пешниҳодҳои муҳимро ба миён гузоштанд.

Ба масъалаҳои ҳамгироии зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамии Корея ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, пешбурди роҳҳалҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои тиб, нақлиёт, гумрук ва сайёҳӣ, рушди босуръати низомҳои миллии пардохт ва платформаҳои интиқоли маблағ, инчунин омода намудани мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ диққати махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин оид ба амиқтар намудани робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳодҳои мушаххас баён шуданд. Бахусус, ба густариши шабакаи марказҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Корея, рушди барномаҳои бозомӯзии забони ӯзбекӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар қаламрави ду мамлакат, инчунин тарҷумаи намунаҳои адабиёти классикии ӯзбек ба забони корейсӣ диққати махсус дода шуд.

Сарвари давлат ба ҳамватанон барои саҳми арзандаашон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳар як ташаббуси онҳо ҳамаҷониба омӯхта шуда, лоиҳаҳои муҳимтарин ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Роҳбари Ӯзбекистон ба профессорҳо, соҳибкорон, фаъолон ва донишҷӯёни иштирокдори мулоқот дар таҳсил ва фаъолияти касбӣ комёбиҳо орзу намуда, махсусан таъкид кард, ки давлат ҳамеша барои муколама бо онҳо боз буда, барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати татбиқи иқтидори созандагии ҳамватанон ҳамеша омода аст.

Ҳамзамон, иштирокдорони мулоқот ба Президенти кишвар барои таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои нав ҷиҳати амалӣ намудани орзуву ниятҳои онҳо самимона сипосгузорӣ намуда, гуфтанд, ки ҳамеша барои сарфарбар кардани дониш, неру ва ғайрати худ дар роҳи ободиву пешрафти Ватан омода ҳастанд.