Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо ба Султон барои пазироии самимӣ ва таваҷҷуҳи баланд сипосгузорӣ намуда, роҳбар ва мардуми дӯсти Уммонро ба муносибати фарорасии ҷашн – Рӯзи миллии Уммон аз таҳти дил табрик гуфт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи байни ду мамлакат, инчунин ба марҳалаи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд.
Фаъол гардидани муколамаи сиёсӣ ва табодули байниидоравӣ, пайваста афзудани ҳаҷми мубодилаи мол ва сармоягузориҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Дар арафаи сафари сатҳи олӣ дар Масқат ҷамъомади шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ, инчунин як қатор чорабиниҳои соҳибкориву фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар аз моҳи июли соли ҷорӣ баланд арзёбӣ гардид.
Соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, энергетика ва электротехника, саноати кимиё ва кӯҳкорӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳӣ, кишоварзӣ, таҳқиқоти кайҳонӣ ва рақамикунонӣ ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои амалӣ муайян гардиданд.
Бо мақсади пешбурди лоиҳаҳои муштарак ба масъалаи ду баробар зиёд намудани сармояи оинномавии Ширкати сармоягузории Ӯзбекистон – Умон ва ба 500 миллион доллар расонидани он диққати махсус зоҳир карда шуд.
Ҳарчи зудтар ба роҳ мондани фаъолияти Фонди сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки бо иштироки маблағҳои Уммон таъсис ёфтааст, муҳим арзёбӣ гардид.
Бо мақсади рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башардӯстона баргузории ҳафтаҳои фарҳанг ва санъат, ташкили форуми ҷавонон, рақамикунонӣ ва таҳқиқи муштараки дастхатҳои нодир, инчунин барқарор намудани робитаҳои бародарӣ байни шаҳрҳои бостонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор намуданд. Идомаи дастгирии мутақобила дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Ҳаракати адами тааҳҳуд, формати «Кишварҳои арабии Халиҷ – Осиёи Марказӣ» ва дигар ниҳодҳои бонуфуз муҳим арзёбӣ гардид.
Роҳбарони ду давлат дар бораи ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Уммон, ки бар дӯстии анъанавӣ ва эътимоди мутақобила асос ёфтаанд, қарори таърихӣ қабул карданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои тавофуқҳои сатҳи олӣ, ҷонибҳо дар бораи қабули «харитаи роҳ» ва роҳандозии механизми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба созиш расиданд.
Дар анҷоми музокирот Президенти Ӯзбекистон аз Султони Уммон даъват кард, ки ба кишвари мо бо сафари давлатӣ ташриф оварад.