Ин парки технологӣ дар 400 гектар майдон бунёд мешавад. Дар марҳилаи аввал корҳо оид ба 9 лоиҳа оғоз ёфтаанд. Акнун дар доираи марҳилаи дуюм боз 5 лоиҳа ташаккул дода шудааст.
Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ширкати “Longze Investment Group” истеҳсоли таҷҳизоти амниятӣ ва тиббӣ, ҳамчунин, бо ширкати “Foxit” роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти муосир чун ноутбук, планшет, сервер ва роутерҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, лоиҳаҳо оид ба пойафзоли чармин ва варзишӣ, масолеҳи сохтмонӣ, зарфҳои чиниву маҳсулоти кимиёвӣ низ дар назар аст.
Арзиши умумии онҳо тақрибан 250 миллион долларро ташкил карда, маҳсулоти арзишманд истеҳсол хоҳанд шуд. Қариб 70 дарсади маҳсулоти тайёр ба бозорҳои хориҷӣ равона карда мешавад.
Дар вилояти Ҷиззах ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ сол то сол меафзояд. Агар дар соли 2018 ба вилоят танҳо 18 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуда бошад, соли гузашта ин рақам аз 1 миллиард доллар афзудааст. Дар ҳашт соли охир, ба минтақа 3,7 миллиард доллар сармоя ворид гардида, беш аз 4 ҳазор корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Шумораи корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ аз 260 адад зиёд шудааст.












