Тибқи барномаи сафар, дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Албания баррасӣ мешаванд.

Дар меҳвари таваҷҷуҳ масъалаҳои густариши шарикӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, кишоварзӣ, энергетикаи «сабз» ва сайёҳӣ қарор хоҳанд дошт. Ҳамчунин масъалаҳои фаъол гардондани мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳо ва минбарҳои бисёрҷониба табодули афкор хоҳанд кард.

Дар доираи барномаи сафар Президенти Албания инчунин дар Форуми V байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок хоҳад намуд.