Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза бо биёбоншавӣ, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Ҳамкориҳои судманд, ки дар доираи онҳо тайи панҷ соли охир 15 лоиҳаи муштарак амалӣ гардидааст, бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.

Ба масъалаҳои барқарорсозии экологии минтақаи назди баҳри Арал, зиёд намудани масоҳати ҷангалзорҳо ва баланд бардоштани устувории экосистемаҳои минтақаҳои хушк таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин, аҳаммияти такмили механизмҳои баҳисобгирии ҳаҷми азхудкунии карбон ва ҷалби маблағгузории карбонӣ таъкид карда шуд.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва таъмини устувории экологӣ тавофуқ ҳосил гардид.