Тавре Report хабар медиҳад, дар ин бора Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Демократии Конго иттилоъ дод.

Дар изҳороти вазорат омадааст: «Дар вилояти Итурӣ дар як шабонарӯз 23 ҳолати нави беморӣ ва ду ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд. Дар беморхонаҳо 391 бемор қарор доранд. 92 нафар пурра шифо ёфтанд».

Тибқи маълумоти ин ниҳод, маркази асосии паҳншавии беморӣ ҳамоно вилояти Итурӣ мебошад, ки дар он 874 ҳолати гирифторӣ ба Эбола ва 201 ҳолати фавт сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи кунунии таби Эбола рӯзи 15 май дар шарқи Ҷумҳурии Демократии Конго оғоз шуд. Ҳолатҳои хуруҷи беморӣ ҳамчунин дар кишвари ҳамсоя  Уганда  низ ба қайд гирифта шудаанд.