Тамоми кормандони эҷодӣ ва техникии матбуот ва нашрияҳои интернетӣ, шабакаҳои телевизион ва радио, иттилоотӣ ва хидмати матбуот, нашриёт ва корхонаҳои ноширии мамлакат, журналистони ба пешаи худ содиқ ва собиқадорони муҳтарами соҳаро бо ҷашни касбиашон аз таҳти дил муборакбод менамоям.

Мехоҳам бори дигар тасдиқ намоям, ки ман дар шахси шумо, журналистоне, ки Ватани худро дӯст медоранд, соҳиби донишҳои амиқ ва иқтидори баланд мебошанд, дӯстони қарин ва ҳамфикри худро мебинам.

Соли равон ин ҷашни зебо барои мо аҳамияти махсус дорад, вай дар рӯзҳое, ки мо 120-умин солгарди таъсис ёфтани рӯзномаи “Тараққи”-ро, ки ниёгони ҷадидамон таъсис доданду оғози матбуоти миллӣ буд ва 100-умин солгарди оғози радиошунавонии нахустини мамлакатро қайд менамоем, баргузор мегардад.

Даҳ сол муқаддам ба равандҳои демократия, ошкорбаёнӣ ва шаффофият такя карда, ғояи “Барои шаъну шарафи инсон, барои хушбахтии ӯ!”-ро сармашқи кори худ қарор дода, мо ба бунёди Ӯзбекистони Нав оғоз кардем. Дар ин муддати кутоҳ ба шарофати меҳнати фидокоронаву пуршарафи халқи бисёрмиллатамон ба комёбиҳои бузург муваффақ шудем.

Аз ҷумла, татбиқсозии корҳо бобати дар ҷомеа таъмин намудани озодии сухан, дастгирии расонаҳои ахбори оммавӣ, баланд бардоштани рӯшодии фаъолияти мақомоти давлатӣ, рақамикунонии соҳаи иттилоот ва ташаккул додани муҳити замонавии матбуот сазовори эътибор мебошанд.

Бинобар фароҳам овардани асосҳои пойдори ҳуқуқӣ, пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳо пойгоҳи моддиву техникии соҳа мустаҳкам гардид, дар он сол аз сол саҳми сектори хусусӣ меафзояд. Алҳол вай 67 фоизи тамоми расонаҳои ахбори оммавиро ташкил медиҳад, ки дар мамлакат аллакай тақрибан 2700 адад буда, беш аз 90 фоизи онҳо  субъектҳои ноширӣ, 83 фоизашон корхонаҳои табъу нашр мебошанд. Соли равон иқтидори истеҳсолии нашрияҳо нисбати соли гузашта ду баробар афзуд, тақрибан 15 ҳазор номгӯй китоб ба теъдоди зиёда аз 60 миллион чоп шуданд.

Ин санадҳо аз вусъати миқёси корҳо бобати озодкунии соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти мутолиа, дастгирии фаъолияти матбуот, афзоиши бозори хидматҳои хабарӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳанд.

Ҳоли ҳозир баробари қатъиян афзудани миқёси иттиолот технологияҳои чопи бардуруғ низ васеъ паҳн мегардад, бинобар ҳамин ҳам ба манбаъҳои боварибахш эътибори махсус дода мешавад. Бо ин мақсад дар муҳлати кӯтоҳ аз тариқи лоиҳаҳои мухталифи матбуотӣ дар соҳа низоми замонавии таълимӣ ташаккул дода шуд, ки 10 ҳазор ҷавононро фаро мегирад.

Муҳтарам кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ!

Мо журналистикаи озод, масъул ва воқеан мардумиро ба сифати яке аз шартҳои зарурии рушди ҷамъият ва давлат баррасӣ менамоем. Чораҳои наве, ки ба минбаъд вусъат додани имконият барои фаъолияти самарабахши кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳо, баланд бардоштани маҳорат ва ихтисоси касбӣ, аз ҷумла барои ҳифзи иҷтимоӣ, рағбатноксозии меҳнат, таҳкими саломатӣ ва беҳсозии шароити зиндагии онҳо нигаронида шудаанд, қабул карда мешаванд.

Фикр мекунам, бо дарназардошти ин такмил додани фаъолияти Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, баланд бардоштани мақом ва иштироки он дар равандҳои ислоҳот рӯзмарра мебошад. Зеро худи замони зудтағирёбандаи мо дар назди ин иттиҳоди ҷамъиятӣ вазифаҳои нави муҳим мегузорад. Замон зарурияти эътибори ҷиддиро ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои журналистон, ба онҳо расондани кумакҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотиву технологӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва таъмин сохтани ягонагии касбиро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ идома додани чорабиниҳои Ҳафтаи матбуоти созмон, ки бори аввал дар тӯли се моҳ дар тамоми ҷумҳурӣ бо ҷалби 12 ҳазор намояндагони соҳа, аз ҷумла журналистони ҷавон баргузор шуд, аҳамияти махсус дорад.     

Ман ҳамчун роҳбари мамлакат ҳамеша омода ҳастам ба расонаҳои миллии ахбори оммавӣ кумакҳои зарурӣ расонам, дастгирӣ намоям, то онҳо вазифаи пули мустаҳками байни давлат ва ҷамъият будани худро иҷро кунанд, ҳамзамон нирӯи пуриқтидори маънавӣ бошанд, халқи моро беш аз пеш дар пояи манфиатҳои умумимиллӣ муттаҳид намоянд.

Муҳтарам кормандони соҳа!

Аз фурсат истифода бурда, тамоми онҳоеро, ки ба муносибати Рӯзи матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ ба мукофотҳои олии давлатӣ сазовор шудаанд, самимона муборакбод менамоям.

Ҳамаи шуморо бори дигар бо ҷашни касбӣ шодбош мегӯям, ба шумо сиҳҳату саломатӣ, бахту саодат ва дар фаъолиятатон комёбиҳои нав орзу мекунам.

Бигузор қалами шумо ҳамеша бурро, суханатон ҳаққонӣ ва муассир, эҷодатон сермаҳсул бошад!

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон