Дар форум таҳти унвони «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» роҳбарони парлумонҳо ва ҳайатҳои кишварҳои минтақа ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш Раиси Сенат Танзила Нарбаева суханронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳои муҳимро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот дар минтақа, рушди муносибатҳои эътимоди мутақобила ва ҳамсоягии нек, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ ба миён гузошт.

Зикр гардид, ки иродаи сиёсии роҳбарони давлатҳо дар таҳкими фазои эътимоди мутақобила ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, ба нақши парлумонҳо дар таъмини иҷрои пайгиронаи созишномаҳои ҳосилшуда, тақвияти ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдидҳои умумии амниятӣ ва табодули таҷрибаи қонунгузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳамчунин, чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, рушди долонҳои нақлиётӣ, густариши робитаҳои байниминтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» пешниҳод карда шуданд.

Дар баробари ин, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи қонунгузорӣ, тақвияти назорати парлумонӣ, фаъолсозии робитаҳо миёни мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва баргузории муҳокимаҳои муштараки парлумонӣ оид ба масъалаҳои умумиминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми форум оид ба масъалаҳои таҳкими сулҳу субот дар минтақа, рушди муносибатҳои эътимоди мутақобила ва ҳамсоягии нек, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкории байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.