Дар конференсия намояндагони академияҳои дипломатии
кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, намояндагиҳои дипломатӣ, Маркази минтақавии
СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ (Ашқобод), инчунин
коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва илмӣ, аз ҷумла Институти муносибатҳои
байналмилалии Финландия (FIIA), иштирок намуданд.
Иштирокчиён таҳкими эътимоди сиёсӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ
дар Осиёи Марказиро, инчунин нақши рӯзафзуни ҳамкориҳои минтақавиро дар рушди
робитаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд.
Дар доираи конференсия аҳамияти рушди пайвастаи муколамаи
минтақавӣ ва густариши мубодилаҳои коршиносиву академӣ махсус зикр гардид. Дар
ин замина, Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ (Тошканд, 2025) ва Форуми сулҳи Фарғона
ҳамчун майдонҳое арзёбӣ шуданд, ки ба таҳкими эътимод ва ҳамкории амалии минтақа
мусоидат мекунанд.
Дар ҷараёни баҳсҳо масъалаҳои амнияти минтақавӣ,
мушкилоти иқлимӣ ва об, пайвастагии нақлиётӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ
шуданд. Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки мушкилоти фаромарзӣ ҳалли ҳамоҳангшуда
ва дарозмуддатро талаб мекунанд.
Аз рӯи натиҷаҳои конференсия аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ
миёни ҷомеаҳои академӣ, коршиносӣ ва дипломатӣ, инчунин идомаи муколамаи минтақавӣ
ба манфиати субот, эътимод ва рушди устувор таъкид гардид.
Ин чорабинӣ боз як далели ташаккули «парадигмаи нави»
рушди минтақа — яъне гузариш аз ҳамкориҳои фаъоли минтақавӣ ба ҳамгироии амиқи
зеҳнӣ ва институтсионалӣ гардид.