Тавре дар ҶС «Нақлиёти мусофирбар» таъкид мекунанд, аз хидматрасонии «Вагон барои занон» дар масирҳои дохилии роҳи оҳан
аллакай беш аз 946 ҳазор мусофир
истифода кардаанд.
Айни замон қатораи №1/2
«Алмаато-2 – Тошканд» ҳамарӯза ҳаракат мекунад. Қатора аз Алмаато
соати 19:05 ба роҳ баромада, соати 12:53 бо вақти Тошканд ба Тошканд мерасад.
Дар самти бозгашт қатора соати 14:41 аз Тошканд ҳаракат карда, соати 08:51 ба
Алмаато мерасад.
Бо
ба роҳ мондани вагони нав хидматрасонии «Вагон барои занон» аллакай дар 14 масири роҳи оҳани Қазоқистон
дастрас хоҳад шуд.
Дар
чунин вагонҳо писарбачаҳои то ҳафтсола,
аз ҷумла ҳафтсолаҳо, метавонанд бо ҳамроҳии калонсолон сафар
кунанд. Чиптаҳо танҳо ба занон фурӯхта мешаванд ва ба мусофирон танҳо роҳбаладзанҳо
хизмат мерасонанд.
Чиптаҳоро
аз кассаҳои роҳи оҳан бо хабар додан ба кассир дар бораи интихоби «Вагон барои
занон» ва инчунин онлайн аз сомонаи расмии ҶС «Нақлиёти мусофирбар» харидан
мумкин аст. Ҳангоми харидории чипта бояд ба аломати «ЖН» диққат дод, ки ҷойро дар вагони
занона нишон медиҳад.
Фурӯши
чиптаҳо 45 рӯз пеш аз ҳаракати қатора
оғоз мешавад, ки ба мусофирон имкон медиҳад сафари худро пешакӣ ба нақша
гиранд.