Дорухат чист?
Дорухат ҳуҷҷати расмии тиббӣ
мебошад, ки дар он номи доруи барои табобати бемор таъйиншуда ва миқдори
(дозаи) он нишон дода мешавад.
Саволе ба миён меояд: магар то имрӯз чунин ҳуҷҷати
расмӣ вуҷуд надошт? Албатта, вуҷуд дошт. Он бо номи варақаи дорухат дар шакли
«107-у» маълум буд. Ин варақа аз ду қисм
иборат аст: қисми аввал дар ҳуҷҷатҳои тиббии бемор (таърихи беморӣ) нигоҳ дошта
мешавад ва қисми дуюм дар дорухона мемонад. Дар он маълумоти зерин дақиқ нишон дода мешавад:
ному насаби бемор;
синну сол;
ҷинс;
санаи тартиб додани дорухат;
имзои духтур;
муҳр;
номи байналмилалии ғайритиҷоратии дору (МНН) бо забони
лотинӣ ва танҳо як дору;
миқдори дору;
тартиби истифода ё истеъмоли он.
Дар қисми дорухате, ки дар дорухона нигоҳ дошта
мешавад, инчунин маълумоти дорусоз, силсилаи дору ва маълумот дар бораи пурра ё
қисман дода шудани дору ворид карда мешавад.
Дорухат барои чӣ
лозим аст?
1.
Ташкили дурусти табобат. Хусусияти асосии дорухат дар он
аст, ки намуди дору, миқдори он ва тарзи қабул барои бемор дақиқ муайян карда
мешавад.
2.
Ҳифзи ҳолати рӯҳии бемор. Дорухат дар ин
масъала низ нақши муҳим дорад. Дар баъзе ҳолатҳо духтур, бо назардошти вазъи
равонии бемор, баъзе маълумоти мураккаб ё нохуши вобаста ба бемориро ба худи
бемор намегӯяд, балки онҳоро ба дорусоз мерасонад. Пӯшида
нест, ки дар тиб ҳолати рӯҳӣ ва кайфияти бемор ба натиҷаи табобат таъсири
назаррас мерасонад. Аз ҳамин сабаб дорухатҳо одатан бо забони лотинӣ ва бо
истифода аз истилоҳоти тиббӣ навишта мешаванд. Инро танҳо дорусозон ва
кормандони тиб хуб мефаҳманд.
3.
Пешгирии хатогиҳо. Вазифаи сеюми дорухат пешгирии хатогиҳои ҷиддӣ мебошад.
Системаи дуқадамии назорат байни духтур ва дорусоз барои пешгирии оқибатҳои
манфие, ки аз таъйини нодуруст ё истифодаи нодурусти дору ба вуҷуд меоянд, хидмат
мекунад. Шояд маҳз ҳамин низом ҷони инсонро наҷот диҳад.
Пас он коғазҳое, ки мо солҳои
зиёд ҳамроҳи худ гирифта мегаштем, чӣ буданд?
Ба худ чунин саволҳоро диҳед:
- Чанд
маротиба ман дорухати ҳақиқӣ гирифтаам?
- Он коғазе,
ки духтур медод, дар асл чӣ буд?
- Оё коғазе,
ки дар он 10–15 номгӯи дору навишта шудааст, дорухат ҳисоб мешавад?
- Чаро
дорухонаҳо бар асоси чунин коғазҳо ба ман дору медоданд?
Ҷавобҳо хеле соддаанд.
Аксари коғазҳое, ки бисёриҳо онҳоро дорухат меҳисобиданд,
дар асл дорухати расмии шакли «107-у» набуданд. Онҳо танҳо рӯйхати номҳои тиҷоратии
доруҳо буданд, ки байни дорусозон ҳамчун варақаи тавсиявӣ маъруфанд. Пеш аз ҷорӣ шудани дорухати электронӣ,
90–95 фоизи бемороне, ки ба дорухона муроҷиат мекарданд, маҳз бо ҳамин гуна коғазҳо
меомаданд. Дорухатҳои ҳақиқии шакли «107-у» танҳо дар ҳолатҳои алоҳида, ки
сабти онҳо дар таърихи беморӣ ҳатмӣ буд, истифода мешуданд.
Албатта, баъзе истисноҳо низ вуҷуд доштанд. Аз ин рӯ, ҳарчанд имрӯз дар бисёр ҳолатҳо
айб ба гардани дорусозон гузошта мешавад, бояд ба масъала воқеъбинона назар
кард.
Ҷанбаи дигари мушкилот
Бояд иқрор шавам, ки имрӯз баланд
бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа ҳанӯз ҳам зарур аст.
- аксари мо тасаввуроти кофӣ дар
бораи ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои узвҳои ҳаётан муҳими бадан надорем;
- пеш аз
истифодаи дору дастурамали онро намехонем;
- ба таъсирҳои
номатлуб ва паҳлуии дору аҳамият намедиҳем;
- бештар ба
маслиҳати шиносон такя мекунем, на ба тавсияи мутахассисон.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон эътироф
шудааст, ки ҳарорати бадан дар ҳудуди 37–38 дараҷа нишонаи вокуниши муҳофизатии
табиии организм мебошад. Дар чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама тавсия дода мешавад: бештар
моеъ нӯшидан, дар ҳавои тоза гаштугузор кардан, ғизои босифат ва мутавозин
истеъмол кардан, чораҳои дастгирии масуният ва витаминнокиро риоя намудан.
Бо вуҷуди ин, мо баъзан омода
мешавем ҳатто ба кӯдаки то яксола антибиотикҳои пурқувват диҳем, бе он ки дар
бораи оқибатҳои вазнини эҳтимолӣ андеша кунем.
Агар тамоми санадҳои меъёрӣ сари
вақт ва пурра амалӣ мешуданд, эҳтимол ҳолатҳои табобати зиёдатӣ ва шумораи
беморон низ хеле камтар мегардид. Дар натиҷа, мушкилоти худи соҳа низ коҳиш
меёфтанд.
Чаро баъзан дорусоз ҳамаи доруҳоро намедиҳад?
Дар амал бисёр вақт бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ мешавем, ки
дар як варақаи тавсиявӣ 10–15 дору ва ҳатто якчанд доруи дорои таъсири якхела
навишта мешаванд.
Дар чунин мавридҳо дорусозони ботаҷриба шарҳ медиҳанд, ки
харидани қисми ин доруҳо зарурат надорад, зеро онҳо таъсири якдигарро такрор
мекунанд.
Боиси
хушнудист, ки барои аксари дорусозон манфиати асосӣ пул нест. Онҳо мекӯшанд бо
дониш ва таҷрибаи худ дар шифо ёфтани ҳарчи зудтари бемор саҳм гузоранд.
Албатта,
пинҳон кардан лозим нест, ки дорусозоне низ ҳастанд, ки манфиатҳои дигарро аз ҳама
муҳимтар медонанд. Маҳз ҳамин ҳолат аксар вақт боиси нофаҳмӣ байни мардум
мегардад.
Намояндагони
«мактаби кӯҳна» бисёр вақт мегӯянд, «Табиби хуб беморро
бо бештар аз се дору табобат намекунад». Муҳимтар
аз ҳама ташхиси дуруст, муносибати оқилона ва инфиродӣ ба ҳар як бемор аст.
Низоми
тандурустӣ ҳамкории муштараки духтур, дорусоз ва бемор мебошад.
Нодирбек Синдаров,
дорусоз.