Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии
шарикии махсуси стратегии Ӯзбекистону Корея ба таври мушаххас баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Корея Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол
намуда, сафари кунуниро рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистону
Корея номид. Ба гуфтаи ӯ, ин муносибатҳо ба таври анъанавӣ бар пояи дӯстӣ ва эҳтироми
мутақобила бунёд ёфтаанд.
Дар навбати худ, роҳбари Ӯзбекистон таъкид кард, ки Ҷумҳурии
Корея дар солҳои гузашта ба дӯсти боэътимод ва яке аз муҳимтарин шарикони иқтисодии
кишвари мо табдил ёфтааст.
Дар ин замина, афзоиши нишондиҳандаҳои гардиши савдо ва
сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. Дар Ӯзбекистон беш аз 700 корхонаи
муштарак бо сармояи Корея фаъолият мекунанд. Дар бозори кишвари мо ширкатҳои
бузурге ба мисли Samsung, LG, Lotte, Young One, BOMI, KIA ва бисёр дигарон
намояндагӣ доранд.
Ҳаҷми
умумии сармоягузории Корея ба иқтисоди Ӯзбекистон аз 8 миллиард доллар
гузаштааст. Аз ҷумла, истеҳсоли мошинҳои KIA дар вилояти Ҷиззах, Маркази миллии
тиббии кӯдакона, Маҷмааи газу кимиёи Устюрт дар кони Сургил ва бисёр лоиҳаҳои
дигар аз ҷумлаи лоиҳаҳои асосии ин раванд ба ҳисоб мераванд.
Дар
доираи ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA), Эксимбонки
Корея ва Фонди EDCF даҳҳо лоиҳа дар соҳаҳои тиб ва тандурустӣ, саноат,
технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, энергетика,
инфрасохтор ва маориф амалӣ мешаванд.
Дар
ҷараёни музокирот зарурати фаъолсозии робитаҳо миёни ду кишвар дар сатҳи
парламентҳо, вазорату идораҳо, маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираҳои соҳибкорӣ
таъкид гардид.
Роҳбари
кишвари мо панҷ самти афзалиятнокро барои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ
бо Ҷумҳурии Корея муайян кард.
Амиқсозии
робитаҳои тиҷоратӣ, афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маъданҳои
муҳим, нақлиёт ва инфрасохтор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар
натиҷаи сафари кунунӣ портфели сармоягузорӣ миқёси нав пайдо мекунад: лоиҳаҳои
ояндадори дорои арзиши умумии тақрибан 12 миллиард доллар омода шудаанд.
Барномаи шарикии стратегӣ бо Эксимбонки Корея ба маблағи 8 миллиард доллар қабул
гардид.
Ҷонибҳо
ба ташаккули иттиҳоди устувори инноватсионӣ ва технологӣ, ки бар технологияҳои
пешрафтаи Корея ва иқтидори захиравию саноатии Ӯзбекистони Нав асос ёфтааст,
таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Пешниҳод
шудааст, ки фаъолияти ин иттиҳод ба чунин самтҳо: технологияҳои иттилоотӣ,
амнияти киберӣ, технологияҳои пешрафта ва рақамӣ дар соҳаҳои тиб, тандурустӣ ва
истеҳсоли дорусозӣ равона
карда шавад.
Ҷонибҳо
омодагии худро барои рушди ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла густариши робитаҳои
байниидоравӣ, ташкили чорабиниҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони
низомӣ изҳор карданд.
Ба
нахустин Форуми байниминтақавӣ дар таърихи ҳамкории ду кишвар, ки дар арафаи
сафари мазкур баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд. Тарафҳо ба мувофиқа
расиданд, ки форуми навбатӣ дар Самарқанд баргузор шавад.
Дар
ҷараёни музокирот роҳбарони ду кишвар ба амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва
омодасозии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Бо
қаноатмандӣ қайд гардид, ки дар Ӯзбекистон чор филиали донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ
фаъолият мекунанд, ки мутахассисони баландихтисосро дар соҳаҳои омӯзгорӣ,
технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳои
афзалиятноки иқтисоди муосир омода мекунанд.
Илова
бар ин, дар Ӯзбекистон 5 маркази таълими касбӣ фаъолият мекунанд, ки бо
мусоидати KOICA таъсис ёфтаанд ва барои ҷавонони кишвар имкониятҳои васеъ ҷиҳати
баланд бардоштани дониш ва малакаҳои касбӣ ва татбиқи минбаъдаи қобилиятҳои онҳо
фароҳам меоранд.
Нақши
муҳими Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар дар табодули таҷрибаи
амалӣ оид ба омодасозии кадрҳо таъкид гардид.
Ҷонибҳо
қайд карданд, ки табодули фарҳангӣ дар рушди муносибатҳои дуҷониба аҳамияти
махсус дошта, ба амиқсозии ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ миёни халқҳо
мусоидат мекунад.
Роҳбари кишвари мо таъкид кард, ки «диаспораи сершумори
кореягӣ ҷузъи ҷудонашавандаи оилаи сермиллати Ӯзбекистон буда, ҳамчун “пули
маънавӣ” байни кишварҳо ва халқҳои мо хизмат мекунад».
Бо мақсади рушди минбаъдаи ин робитаҳои махсуси башардӯстона
ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2027-ро «Соли фарҳанг ва табодули мутақобила»
эълон намуда, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва гуманитарӣ баргузор кунанд.
Дар ҷараёни музокирот ҳамчунин наздикии мавқеъҳои ду ҷониб
оид ба масъалаҳои баррасишудаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ тасдиқ
гардид.