Ба ин баста шартномаҳо ва созишномаҳо ворид шуданд, ки ба рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои шарикӣ равона шудаанд.

Дар байни онҳо санадҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, авиатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, кумаки техникӣ, таҳсилоти олӣ, мактабӣ ва томактабӣ, танзими маҳсулоти тиббӣ, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, кори бойгонӣ ва дигар соҳаҳо мавҷуданд.