Аз дидани ҳамаи шумо дар ҷаласаи 13-уми Форуми ҷаҳонии урбанизатсия
– минбари бонуфузи муколама оид ба
баррасии муҳимтарин масъалаҳои рушди ҷаҳонӣ бисёр хушҳолам.
Ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдарович
Алиев, барои дар сатҳи баланд омода намудани чорабинии имрӯза дар Бокуи зебо –
«Марвориди баҳри Каспий» ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипоси самимӣ менамоям.
Дар саросари Озарбойҷон, бахусус дар Қарабоғ, корҳои
азими созандагӣ бо суръати баланд идома доранд. Дар қаламравҳои озодшуда дар
муддати кӯтоҳ шаҳрҳои пурра барқарор гардида, маҷмааҳои нави истиқоматӣ ва
иншооти муосири инфрасохторӣ бунёд мешаванд.
Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам таъкид намоям, ки Ӯзбекистон
ҳамеша омода аст дар ин кори хайр саҳми худро гузорад.
Муҳтарам иштирокчиёни форум!
Мавзӯи рӯзномаи мо – «Манзил барои ҳама: шаҳрҳо ва ҷомеаҳои
бехатару устувор» имрӯз аҳамияти махсус пайдо кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,
ки то миёнаҳои асри XXI қариб 70 фоизи аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд
кард.
Дар айни замон, раванди афзояндаи шаҳрнишинӣ як қатор
мушкилоти иҷтимоиро низ шиддат мебахшад.
Имрӯз қариб 3 миллиард нафар дар ҷаҳон аз шароити
муносиби манзил маҳруманд. Зиёда аз 1 миллиард нафари онҳо дар маҳаллаҳои ғайрирасмӣ
ва фақирнишин зиндагӣ мекунанд ва беш аз 300 миллион нафар умуман сарпаноҳ
надоранд. Тағйирёбии иқлим, вазъи пуртаниши байналмилалӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ
мавҷҳои нави муҳоҷирати ҷаҳониро ба вуҷуд меоранд, ки боиси бозтақсимшавии аҳолӣ
байни давлатҳо ва шаҳрҳо мегардад. Ба ибораи дигар, равандҳои урбанизатсия ба
омили ҷиддие табдил меёбанд, ки бевосита ба субот ва амнияти ҷаҳонӣ таъсир
мерасонанд.
Ҳамаи ин аз мо талаб мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва фаврӣ
андешем.
Дӯстони азиз!
Барои Ӯзбекистони Нав масъалаи рушди устувори шаҳрҳо низ
аҳамияти стратегӣ дорад. Интизор
меравад, ки дар 15 соли оянда аҳолии кишвар аз 38 миллион то ба 50 миллион
нафар расида, сатҳи шаҳрнишинӣ аз 51 то 65 фоиз афзоиш ёбад. Мо инро имконияти
нодир барои рушди мутавозини минтақаҳо ва таъмини рушди иқтисодӣ меҳисобем.
Бо
ин мақсад дар Ӯзбекистон: дар даҳ соли охир ҳаҷми манзили ҳарсола
сохташаванда 10 баробар афзоиш дода шуд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 238 ҳазор
мерасад, дар соли 2030 боз 1,5 баробар зиёд хоҳад шуд; барои барномаҳои манзили дастрас ҳамасола аз
буҷет тақрибан 2 миллиард доллар ҷудо карда мешавад; барои ҳалли мушкили манзилҳои ғайрирасмӣ соли
2024 қонуни алоҳида қабул гардида, ҳуҷҷатҳои қариб 100 ҳазор хона расмӣ
гардонида шуданд; дар доираи навсозии манзилҳои фарсуда пешбинӣ
шудааст, ки ҳиссаи бозсозии онҳо аз 15 то 60 фоиз расонида шавад.
Барои
идоракунии самараноки ин равандҳо Кумитаи миллии урбанизатсия
таъсис дода шуд.
Илова
бар ин, дар доираи барномаҳои «Макони сабз» ва «Ҳавои тоза» мо назди худ вазифа
гузоштем, ки то соли 2030 сатҳи сабзгардонии шаҳрҳоро ба 30 фоиз расонем.
Дар
кори ободонии шаҳрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мо ба низоми
анъанавии худидоракунии шаҳрвандон – институти маҳалла
васеъ такя мекунем.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Мегалоиҳаи «Тошканди Нав», ки барои ду миллион аҳолӣ
пешбинӣ шудааст, таҷассумгари равшани стратегияи урбанизатсияи мо гардид. Дар
ин лоиҳа пурра меъёрҳои пешрафтаи шаҳрсозӣ – принсипҳои «шаҳри сабз», «шаҳри ҳушманд»,
«шаҳри бехатар» ва «шаҳри 15-дақиқаӣ» ба назар гирифта шудаанд.
Аллакай дар марҳилаи аввал мо дар ин ҷо татбиқи лоиҳаҳои
сармоягузориро ба маблағи умумии беш аз 25 миллиард доллар оғоз намудем.
Муаррифии консепсияи лоиҳаи «Тошканди Нав» дар намоишгоҳи
«Urban Expo», ки дар доираи форум баргузор мегардад, ташкил карда шуд.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки чунин лоиҳаҳои сохтмони маҳаллаҳо
таҳти унвони «Ӯзбекистони Нав» на танҳо дар пойтахт, балки дар ҳамаи минтақаҳои
кишвар амалӣ мешаванд. То
имрӯз аллакай 61 чунин маҳалла бунёд гардидааст ва то соли 2030 шумораи онҳо ба
100 мерасад.
Дар
робита ба ин, ба директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин Анаклаудия Россбах, инчунин Бонки ҷаҳонӣ,
Бонки осиёии рушд ва дигар ниҳодҳои пешрафтаи молиявӣ
барои ҳамкории зич ва дастгирии доимӣ дар соҳаи урбанизатсия ва шаҳрсозӣ изҳори
сипоси самимӣ менамоям.
Муҳтарам иштирокчиёни форум!
Мехоҳам оид ба масъалаҳои имрӯз баррасишаванда як қатор
пешниҳодҳо ва ташаббусҳои муҳимро ироа намоям.
Якум, фароҳам овардани шароити баробари зиндагӣ барои аҳолӣ
дар ҳамаи минтақаҳо рушди ҳамоҳанги шаҳрҳои хурд ва миёнаро талаб мекунад.
Дар ин робита давлатҳои шарикро ба татбиқи васеи принсипи
«урбанизатсияи мутавозин» дар рушди шаҳрҳо даъват менамоям.
Дуюм, зарур аст, ки ҳамаи давлатҳо дар идоракунии шаҳрҳо
ба зеҳни сунъӣ ва трансформатсияи рақамӣ дастрасии баробар дошта бошанд.
Пешниҳод менамоям, ки барои мубодилаи мунтазами
технологияҳо, стандартҳо ва таҷрибаҳо дар ин самт «Эътилофи байналмилалии шаҳрҳои
ҳушманд ва бехатар» таъсис дода шавад.
Сеюм, таъмини ҷавонон ва қишрҳои ниёзманди аҳолӣ бо
манзили босифат ва дастрас аҳамияти бисёр муҳим дорад.
Бо ин мақсад мо омодаем соли оянда дар шаҳри Самарканд форуми байналмилалиро оид ба равишҳои
нави ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ ба сохтмони манзил баргузор намоем.
Чорум, бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим, қабули
принсипҳо ва меъёрҳои умумии рушди «шаҳрҳои сабз» аҳамияти муҳим пайдо мекунад.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди шаҳрҳо дар ҳамоҳангӣ
бо табиат пешниҳод менамоям, ки ҷоизаи байналмилалии СММ-Хабитат таҳти унвони «Шаҳри сабз» таъсис
дода шавад.
Панҷум, афзоиши сатҳи урбанизатсия нақши низомҳои
анъанавии худидоракуниро дар шаҳрҳо боз ҳам баланд мебардорад.
Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки ҷаласаи 15-уми Форуми
ҷаҳонии шаҳрсозӣ соли 2030 дар «Тошканди Нав» баргузор гардида, мавзӯи асосии
он «Нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ дар рушди устувори шаҳрҳо» муайян карда шавад.
Дӯстони азиз!
Бовар дорам, ки чорабинии имрӯза ба ҷустуҷӯи муштараки роҳҳалҳои
мутақобилан судманд ва дурнамо барои масъалаҳои баррасишаванда, пешбурди
ташаббусҳои нав ва рушди умумии ин соҳа саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми суханрониам мехоҳам ба кори форум комёбиҳои
бузург орзу намоям.