Сарвари давлати мо дар нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи «Раванди Акаба» баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар он масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ, пешгирии истифодаи он бо ҳадафҳои террористӣ ва ифротгароёна, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар муқовимат ба чолишу таҳдидҳои нави технологӣ баррасӣ мешаванд.

«Раванди Акаба» ташаббуси байналмилалиест, ки соли 2015 аз ҷониби шоҳи Урдун Абдуллоҳи II пешниҳод гардида, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар соҳаи таъмини амният равона шудааст.