Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Маҷмааи
илмӣ-маърифатии ёдбуди ба номи Ислом Каримов боздид намуда, ба пояи муҷассамаи
Президенти Нахустин гулчанбар гузошт.
Ислом Каримов дар як давраи ниҳоят мураккаб ва
масъулиятноки таърихи кишвар ба Ӯзбекистон роҳбарӣ мекард. Номи ӯ бо ба даст
овардани истиқлоли давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва ба роҳи рушди мустақилона
баромадани кишвар пайванди ногусастанӣ дорад.
Истиқлол пеш аз ҳама ба мо нангу номус ва шаъну шараф,
дини муқаддасамон, забони модарӣ ва арзишҳои миллии фаромӯшшударо бозгардонд.
Ба шарофати истиқлол мо ҳувияти худро дарк намуда, ба
тамоми ҷаҳон нишон додем, ки ворисони арзандаи шуҳрати падарону бобоёни худ ҳастем.
Аз ин ҷиҳат, пос доштани хотираи шахсоне, ки дар бунёди
асосҳои истиқлоли кишвар, таъмини сулҳу субот ва хидмат ба некӯаҳволии мардум
саҳми бузург гузоштаанд, арзиши муҳими маънавӣ ба шумор меравад.
Бо ташаббус ва таҳти таваҷҷуҳи Президент Шавкат Мирзиёев
барои абадӣ гардонидани хотираи Президенти Нахустин корҳои зиёде анҷом дода
шуданд. Дар Тошканд Маҷмааи илмӣ-маърифатии ёдбуди ба номи Ислом Каримов таъсис
ёфт. Ба анъанаи нек табдил ёфтааст, ки зимни сафарҳо ба Самарқанд аз мақбараи ӯ
боздид карда мешавад.
Дар маросими ёдбуд сураҳои Қуръон тиловат гардида, дуоҳо карда
шуданд. Хизматҳои Ислом Каримов дар ба даст овардани истиқлоли кишвар, таъмини
сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъкид гардиданд.
Намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент,
Девони Вазирон, вазорату идораҳо, аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандии Тошканд низ ба
пояи муҷассамаи Президенти Нахустин гулҳо гузоштанд.
Чорабиниҳои ёдбуд ҳамчунин дар шаҳрҳои Самарқанд ва Қаршӣ
баргузор шуданд.