Барои саҳми бузурги шахсӣ дар боло бурдани нуфузи Ӯзбекистони Нав дар арсаи байналмилалӣ, хизматҳои назаррасаш дар густариши васеи шоҳмот дар кишвар, бахусус тарғиби ин навъи варзиш миёни ҷавонон, ташаккули эҳсоси ифтихори миллӣ, муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар дили насли наврас, инчунин барои намоиши барҷастаи иқтидори баланди зеҳнӣ ва маҳорати касбӣ дар Мусобиқаи номзадҳои Федератсияи байналмилалии шоҳмот, ки дар Кипр баргузор гардид, ба даст овардани натиҷаҳои рекордӣ миёни қавитарин гроссмейстерҳои ҷаҳон ва пеш аз муҳлат соҳиб шудан ба ғалаба, узви тими миллии Ӯзбекистон оид ба шоҳмот
Ҷавоҳир Санҷарбекович Синдаров бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардонида шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ш. Мирзиёев