Дар ҷараёни будубош дар Минск, роҳбари давлати мо бо ҳамтои белорусии худ дар доираи маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ музокирот анҷом дод.

Сарони давлатҳо ба ҷонибдории рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ баромад намуданд. Ҷонибҳо омодагии устувори худро барои рушди дарозмуддати шарикии гуногунсамт тасдиқ карданд ва ташаббусҳои нави лоиҳавиро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи музокирот президентҳо Эъломия оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегиро имзо карданд. Дар ҳузури онҳо табодули як қатор санадҳои дуҷониба баргузор гардид.

Дар изҳорот барои намояндагони воситаҳои ахбори омма қайд гардид, ки ин сафари расмӣ рӯйдоди таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави таҳкими ҳамкории байнидавлатиро ифода мекунад.

Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар Президенти Ӯзбекистон ба шаҳри Тошкент парвоз намуд.