Аз ҷумла, ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии шаҳрванд Ф.Д. дар ҳудуди маҳаллаи «Жинговуз»-и шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм 1 065 адад доруи сахттаъсир ошкор карда шуд. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин доруҳо бо мақсади фурӯш нигоҳ дошта мешуданд. Ҳамаи онҳо ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардиданд.

Дар ноҳияи Кӯкдаллаи вилояти Қашқадарё роҳбари корхонаи хусусии «A.G.» А.Н. ва фурӯшанда Ж.Н. боздошт шуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо бо маслиҳати пешакӣ дар дорухонаи воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи «Кӯкдалла» бе иҷозатномаи дахлдор доруҳои сахттаъсирро ба фурӯш мегузоштаанд.

Онҳо ҳангоми фурӯши 160 дона ҳабби доруи «Бензонал» дастгир шуданд. Ҳамчунин, зимни санҷиши дорухона боз 730 адад доруи сахттаъсир мусодира гардид.

Дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд шаҳрванд М.З. ҳангоми фурӯши 27 адад доруи «Регапен» боздошт шуд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ боз 467 адад доруи сахттаъсир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ҳолати дигар шаҳрвандон Ф.М., Б.Т., А.Х. ва И.Т. (қаблан судшуда) ҳангоми фурӯши 7 адад доруи «Регапен» дастгир гардиданд.

Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда тибқи моддаи 276⁶ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок, ки ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди онҳо дохил намешаванд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.