Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳо ва муассисаҳои молиявии China Energy Engineering Corporation, China Datang, Sinoma Energy Conservation, China Southern Power Grid, CAMCE, CNNC, State Nuclear Uranium Resource Development, инчунин The Export-Import Bank of China ва Bank of China иштирок карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои мутақобилан судманди дорои технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои энергетика ва геология, инчунин тавсеаи ҳамкории амалӣ дар бахши бонкӣ ва молиявӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат бо қаноатмандии амиқ аз суръати баланди рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чин дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ёдовар шуд.
Аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 6 миллиард доллар гузашта, беш аз 8 миллиард доллар сармоягузории мустақими чинӣ азхуд гардидааст. Дар Ӯзбекистон қариб 6 ҳазор корхонаи муштарак бомуваффақият фаъолият доранд.
Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи «сабз» зоҳир гардид. Бо иштироки ширкатҳои зикршуда дар Ӯзбекистон неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин системаҳои захиракунии неруи барқ сохта мешаванд.
Нақшаҳои суръат бахшидан ба татбиқи ин лоиҳаҳо ва роҳандозии ташаббусҳои нав, аз ҷумла тавсеаи иқтидори неругоҳҳои фотоэлектрикӣ, ҷорӣ намудани агроволтаика ва бунёди хатҳои интиқоли барқ дастгирӣ шуданд.
Ҳамчунин ба ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли неру аз ҳисоби коркарди партовҳо ва рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла таъсиси марказҳои муосири маълумот (дата-марказҳо) диққати махсус дода шуд.
Оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои кӯҳкорӣ ва геология низ табодули афкор сурат гирифт. Сухан дар бораи иктишоф ва азхудкунии муштараки конҳо, инчунин роҳандозии шарикии дарозмуддат дар самти таъмини ашёи хоми стратегӣ мерафт.
Қисми алоҳидаи музокирот ба густариши ҳамкориҳои молиявӣ бо бонкҳои бузурги Чин бахшида шуд. Масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, навсозии системаҳои обёрӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди баландсуръат ва неругоҳҳои барқи обӣ, таъмини техникаи кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна муҳокима гардиданд.
Иштирокчиёни мулоқот ба роҳбари давлат барои муколамаи фаъолу созанда изҳори сипос намуда, омодагии худро барои иҷрои пурраи созишҳои бадастомада таъкид карданд.