Аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон қариб 81 сол сипарӣ шудааст. Новобаста аз гузаштани ин қадар вақт, таърихи талхи ҷанг, фоҷиа ва мусибатҳои бесобиқае, ки он ба бор овард, аз хотираи инсоният зудуда нашудааст. Баръакс, ин хотираоти мудҳиш ҳамеша ба мо ёдрас мекунанд, ки сулҳу оромӣ то чӣ андоза неъмати бебаҳо ҳастанд. Дар замири 9 май – Рӯзи хотира ва қадр низ чунин моҳият таҷассум ёфтааст.

Сарвари давлат дар маросими ёдбуде, ки ба ин муносибат дар Боғи Ғалаба баргузор гардид, иштирок намуд.

Тибқи анъана, Президент Шавкат Мирзиёев дар пояи ҳайкали “Суруди матонат” гулчанбар гузошт. Ин ёдгории муаззам рамзи ранҷу азоб, матонат ва талафоти мардуми мо дар солҳои ҷанг мебошад.

– Имрӯз мо ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, тамоми пиронсолон, ки дар байни мо сиҳату саломат умр ба сар мебаранд, меҳру эҳтироми хосаи худро изҳор менамоем. Ин маҷмааро чун макони муқаддаси тараннумгари ҷасорат ва қаҳрамонии халқи сермиллатамон, ки дар Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштаанд, эътироф кунем, хато нахоҳад шуд, – гуфт роҳбари давлат.

Мувофиқи маълумот, дар ҷангҳои хунини зидди фашизм аз 6 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии онвақтаи кишвар, қариб 2 миллион нафар иштирок кардаанд. Аз ин миқдор тақрибан 540 ҳазор нафар ҳалок гардидаанд, 158 ҳазор нафар бедарак гум шудаанд, беш аз 50 ҳазор нафар дар лагерҳои консентратсионӣ бар асари шиканҷаву азобҳои тоқатфарсо ҷон бохтаанд, зиёда аз 60 ҳазор нафар маъюб шудаанд.

Қариб 214 ҳазор нафар сарбозону афсарони ӯзбекистонӣ бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд, ки аз шуҷоату қаҳрамонии онҳо далолат медиҳад.

Мамлакати мо дар солҳои ҷанг ба пойгоҳи муҳими таъминоти ҷабҳа табдил ёфта, ба майдонҳои набард миқдори зиёди техникаи ҳарбӣ, силоҳу муҳимот, либос ва озуқа ирсол кардааст. Новобаста аз шароити бисёр вазнин, мардуми мо тақрибан 1 миллиону 500 ҳазор нафарро, ки аз минтақаҳои ҷангзада кӯчонида шудаанд, аз ҷумла 250 ҳазор кӯдаки ятимро, ки аз падару модар ҷудо монда буданд, ба канор гирифта, меҳрубонӣ кардаанд.

Дар чорабинӣ намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолони маҳаллаҳо ва калонсолон низ иштирок намуда, ба пояи ёдгорӣ гул гузоштанд.

Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин аз хиёбони “Фидоиёни миллат”-и Боғи Ғалаба боздид намуда, ба хотираи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи ҳимояи мамлакат ҳалок шудаанд, эҳтиром ба ҷо овард.

– Як сол пеш маҳз дар ҳамин ҷо маҷмааи “Фидоиёни миллат”-ро бунёд кардем, ки ин беҳуда нест. Он ҳамеша хотиррасон месозад, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як насл буда, анъанаҳои ватандӯстӣ давомдоранд, – таъкид намуд Президент.

Дар ин маҷмаа номи 196 нафар хидматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи ҳифзи озодии Ватан ва сулҳу оромии халқу кишвар қаҳрамонона ҳалок шудаанд, сабт гардидааст.

Роҳбари давлат ба падару модарон барои ба дунё овардан ва дар рӯҳияи ҳақиқии ватандӯстӣ тарбия намудани чунин фарзандони шуҷоъ ва диловар миннатдории амиқ баён намуд.

Халқи мо чунин фарзандони қаҳрамону фидокореро, ки дар айни ҷавонӣ худро барои ҳимоя аз душман сипар кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Танҳо дар соли 2025 ин маҷмааро қариб 650 ҳазор нафар ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ зиёрат кардаанд.

Дар ин ҷо пайваста чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, дарсҳо оид ба таърих, ватандӯстӣ ва “Соати оянда” гузаронида мешаванд. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо аҳамияти бузурги маънавию тарбиявӣ доранд ва идома додани онҳо зарур аст.

Соли ҷорӣ 690-солагии ниёи бузурги мо Амир Темур дар мамлакат ва хориҷ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Машъали давлатдорӣ, ҷасорат ва қаҳрамонии Соҳибқирон имрӯз низ фурӯзон аст. Ин анъанаи бузургро сарбозон, афсарон ва генералҳои шуҷои мо ба таври муносиб идома медиҳанд. Таъкид гардид, ки онҳо сарвати бузурги мо, сипари боэътимоду мустаҳками Ватан мебошанд.
– Имрӯз мо дар симои шогирдони “Мактаби Темурбекҳо” ва низомиёни шуҷоъ, ки дар ин ҷо саф оростаанд, авлоди нави Алпомиш, Ҷалолиддини Мангубердӣ ва Амир Темурро мебинем. Мероси ғанӣ, мактаби илму таҷрибаи ниёи бузурги мо на танҳо ба осорхонаҳо, балки ба қалбҳои мо низ бармегардад. Гӯё онҳо дубора зинда шуда, пойдевори Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи сеюмро якҷо бо мо бунёд мекунанд. Ҳар як инсон, ки аз Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд, Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён ва маҷмааи Имом Бухорӣ дар Самарқанд боздид мекунад, инро амиқ эҳсос менамояд, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.

Тавре зикр гардид, ҳифзи Ватан масъалаест, ки барои давлат ва халқ ҳеҷ гоҳ аз рӯзнома хориҷ намешавад. Ин барои ҳамаи мо вазифаи муқаддас ва бузург аст. Бахусус, дар замони ниҳоят пуртаҳлукаи имрӯз, ин даҳ баробар, садҳо маротиба бештар аҳамият пайдо менамояд.

Соли ҷорӣ 35-солагии истиқлолияти Ватани мо бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил мегардад. Таҳти шиори накӯи «Ҳамчун як Ватан, як халқ, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!» истиқбол гардидани ин санаи муборак, албатта дар замири худ маънои амиқро нуҳуфтааст.

– Имрӯз зиддият ва ҷангу низоъҳоро, ки дар минтақаҳои гирду атрофи мо идома доранд, худ шоҳид ҳастем. Дар чунин вазъияти мураккаб, ҳаёт худ бори дигар собит менамояд, ки ҳифзи ваҳдати миллӣ ва ҳамҷиҳатӣ бузургтарин қудрат ва гаронбаҳотарин сарват мебошад. Ҳифзи Ватан бузургтарин ва шарафмандтарин рисолат дар ҷаҳон аст. Ба ҷавонмардони шуҷоъ ва диловари мо, ки ин ҳақиқатро амиқ дарк намуда, ҳамеша ба савганди ҳарбӣ содиқ мемонанд, ҳар қадар таҳсин бигӯем, арзанда аст, – гуфт роҳбари давлат.

Таъкид гардид, ки хиёбони “Фидоиёни миллат” бояд ба макони муқаддасе табдил ёбад, ки шабу рӯз дар он садои ҷасорат танинандоз бошад, мардумро ба мубориза барои сулҳу оромӣ даъват намояд ва дар тарбияи ҳазорон, миллионҳо посбонони Ватан хидмат кунад.

Ғамхории ҳамаҷониба ба аъзои оила ва фарзандони ҷавонмардоне, ки ҳангоми адои қарзи худ дар назди Ватан қаҳрамонона ҳалок шудаанд, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо минбаъд низ пайваста идома хоҳад ёфт.